КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: СЕ ДЕҲА БО БАРҚИ БАЛАНДШИДДАТ ТАЪМИН ШУДАНД

0
17

Дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 сентябри соли равон 3 деҳаи Ҷамоати Лангар – Деҳманора, Дашти Миёна ва Пакшиф бо барқи баландшиддат таъмин гардиданд.

Дар ифтитоҳи ин хатти баландшиддати барқ, ки сохтмони он ҳанӯз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд, Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Хайрулло Бобозода бо таваҷҷуҳ ба даст ёфтан ба истиқлолияти эенергетикӣ ва се деҳаи дурдаст ба барқи баландшиддат таъмин гардидан зикр намуд, ки ин дастовард аз бузургтарин ва гаронмоятарин неъматҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 3 деҳаи ҷамоати Лангари ноҳия хати баландшиддати барқ кашида шуд, марҳилаи якуми сохтмони он ба анҷом расид.

Маврид ба зикр аст, ки санги асос ва корҳои васлу насби симчӯбҳо барои хатти барқи баландшиддат ба 14 деҳаи Ҷамоати деҳоти Лангар ҳанӯз моҳи марти соли 2019 расман оғоз ёфта буд.

Он замон зимни гузоштани сутунпояи аввалини ин хатти баландшиддати барқ Наим Набизода, муовини аввали директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳаро яке аз иншооти афзалиятнок барои ноҳия хонда гуфт, ки ин иқдом дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз туҳфаи беҳтаринест барои сокинони 14 деҳаи ҷамоати Лангар, ки аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанд.

Маблағгузори ин тарҳи хатти баландшиддати барқ Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” буда, пудратчии он ҶДММ “Зулол — 112” мебошад, ки дар навбати аввал тибқи нақша ба 3 деҳа – Деҳманора, Дашти Миёна ва Пакшиф хатти баландшиддати барқ кашида шуд.

Барои марҳилаи аввали тарҳи мазкур тибқи маълумотҳо беш 3 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд. Сохтмони ин хатти баландшиддат аз деҳаи Табушни Ҷамоати Лангар оғоз гардида, то деҳаи Пакшиф идома ёфт. Ҳамин таври марҳила ба марҳила то сардараи Масчоҳ – Деҳҳавзу Деҳҳисор ва Мазор хати баладшиддати барқ кашида мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ин 14 деҳаи ҷамоати Лангари Кӯҳистони Мастчоҳ дар замони Шӯравӣ аз нерӯи барқи баландшиддат маҳрум буданд. Чандин сол сокинони ин деҳот ва роҳбарияти замони ноҳия баҳри кашидани хати нерӯи барқ талошҳо варзиданд, вале аз сабаби бемасъулиятии баъзе роҳбарон ин тарҳ ба кунҷи фаромӯшӣ рафт.

Дар ҳоли ҳозир сокинони ин деҳот нерӯи барқро тавассути нерӯгоҳҳои хурдӣ обӣ, ки шидддати хеле паст доранд, дастрас менамоянд.

Беҳзод Ҷумъазода