КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

0
159

Дирӯз, сана 13.01.2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия дар давоми соли 2020 доир гардид.
Дар ин маҷлис Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини аввали Агентии хоҷагии ҷангал назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Наим, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Насим, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми соли 2020 ҳисоботи муфассал дода, зикр намуд, ки бовуҷуди мушкилиҳо ва авҷи пандемия ноҳия тавонист ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гардад.
Мавсуф аз ҷумла таъкид дошт, ки дар соли 2020 бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 адад иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
“Дар умум давоми се сол аз 108 иншооти ҷашнӣ 79 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки 73,1 фисади иљроиши нақшаро дарбар мегирад. Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин самт мувофиқи нақша дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои болоӣ ва шарикони рушд идома доранд”,-зикр намуд муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова.
Сипас раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба фаъолияти соҳаҳои маориф ва тандурустии ноҳия таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки тибқи нақша ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои таълими таъмиру аз навсози шуда, д4 муассисаи таълимии нав дар соли 2021 сохта ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Раиси ноҳия ба масъулин барои пурра ва бо сифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншоотҳои таълимӣ дастурҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ба бунёди муассисаи томактабӣ дар ноҳия бештар таваҷҷуҳ карда шавад ва соҳибкорони маҳаллӣ барои сохтани кӯдакистонҳо ҷалб гарданд.
Набизода Наим, муовини Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба сазовор таҷлил намудан ҷашни 30-солагии Истиқлолият ва бунёди иншооти ҷашнӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ба муносибати ин ҷашни фархунда корҳои ободониву созандагиҳо тақвият ёфта, ба тозагии муҳит низ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар охир чанде аз кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия барои фаъолияти пурсамарашон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Саидвоҳиди Қосим