КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

0
36

Субҳи имрӯз (10.07.2021) дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2021 доир гардид.
Дар маҷлис раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, муовини якуми директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Ашурзода Шуҳрат ва масъулину фаъолони ноҳия ширкат доштанд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2021 муфассал ҳисобот дод.
Таъкид карда шуд, ки “Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 107,05 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 2 млн 546,6 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 2 млн 726 ҳазору 112 сомонӣ ворид шудааст.”
“Маблағи қарзи андоз дар ноҳия 189,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали сол 1,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 27 млн. 667,1 ҳазор сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 339 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.”,- афзуд дар идомаи суханронӣ муовини раиси ноҳия.
Ҳамчунин Гулҷаҳон Вазирова доир ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон, рушди саноат, энергетика, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва тамоми бурду бохти ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 ҳисоботи муфассал дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа Раиси ноҳия ба масъала ва мушкилоти соҳаи маориф, танурустӣ, фарҳанг ва андоз таваҷҷуҳ карда аз роҳбарони соҳаҳои мазкур пурсиш ба амал овард. Дастур дода шуд, ки дар нимсолаи дуюми соли равон камбудиҳоро бартараф намуда, бо дастовардҳои назаррас солро ҷамъбаст намоянд.
Дар идомаи маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ Набизода Наим доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия изҳор назар намуда, таъкид кард, ки дар маҷмуъ натиҷаҳо дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ қаноъатманд мебошанд.
“Дар пеш мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Бояд ин санаи фархундаро бо руҳияи болида ва дастовардҳои арзанда истиқбол намоем. Аз 108 иншооти ҷашние, ки ба истиқболи 30-солагии истиқлол дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба нақша гирифта шудааст то ба имрӯз 83,3 фисади он иҷро шудааст,- гуфт Наим Набизода дар идомаи суханронӣ ва аз масъулини ноҳия даъват ба амал овард, ки баҳри ба пуррагӣ ба иҷро расонидани нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ то арафаи ҷашн якҷоя корбарӣ намоянд.
Дар анҷоми маҷлис раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба иҷрои барномаҳои давлатӣ, корбари байни аҳоли ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз таълимотҳои ғайридинӣ ва шомил нагаштани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни иртиҷоӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ то оғози соли хониш, омода намудани сару либоси ягонаи мактабӣ, пурра иҷро намудани нақшаи корҳои ободони ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ, гардиши хона ба хона баҳри пешгирии аҳолӣ аз паҳншавии бемории сирояти ковид-19, саривақт баррасӣ намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон, захираи маводди озуқаворӣ ва ҷамъоварии беталафи ҳосили кишту зироатҳо дар давраи тобистону тирамоҳ ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Саидвоҳиди Қосим