ДАР МАКТАБҲОИ НОҲИЯИ КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА ХОНАНДАГОН РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУСРО МЕОМЎЗОНАНД

0
84

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо маќсади пешгирӣ аз сироятёбӣ ба короновирус ба хонандагон таълими махсус дода мешавад. Ба онҳо роҳҳои пешгирӣ, шустни дастон бо маҳлулҳои дорои спиртӣ ва бастани даҳону бинӣ бо ниќобҳои махсус фаҳмонида шуда, ин амалро ба таври мунтазам такрор менамоянд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия мегӯяд дар ҳамаи мактабҳо ва муассисаҳои томактабии ноҳия ин таълимот гузаронида мешавад ва дохили биноҳои мактабҳо ҳар рӯз пас аз анҷоми дарсҳо бо хлор тамиз карда мешаванд.
— Ба ҳамаи мактабҳо хокаи хлор ва маҳлулҳои антисептикӣ таъмин карда шудааст. Ҳар рӯз пеш аз оғози дарсҳо аз ҷониби омӯзгорони доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус ба хонандагон таълим дода мешавад. Дастаҳои дари синфҳо бо докаҳои махсус, ки бо хлор намнок карда шуд, баста шудааст. Ҳар рӯз пас аз анҷоми дохили биноҳои мактаб ва синфхонаҳо бо хлор ва дигар маводи безараргардонӣ тамиз карда мешаванд. Ин амалиёт ба таври мунтазам такрор карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир мо ба таври пурра таъмин кардани хонандагон бо ниқобҳо танқисӣ кашида истодаем. Бо дастгирии раиси ноҳия албатта ин ҳам рӯзҳои наздик баратараф хоҳад шуд,- мегӯяд Салим Сафаров, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 32 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо беш аз 5 ҳазор хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here