Дар Кӯҳистони Масчоҳ Рӯзи Ғалабаро ҷашн гирифтанд

0
60

9 майи бо мақсади таҷлил аз 76-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ чорабиним идона бо иштироки раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим, сохторҳои низомӣ ва масъулину фаъолон баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода доир ба таҷлили ин санаи таърихӣ ва корнамоиҳои мардони шуҷои Ватан, аз ҷумла масчоиён дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ суханронӣ намуда, ҳаёти ин зафармандонро дарси хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва мактаби мардонагию далерӣ унвон кард.
Таъкид гардид, ки фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд. Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони ба ору номуси кишварамон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.
Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизу маҳбубамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонида, таъкид кард, ки иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии муҳаббат ба ватан ва дарси ибрат барои наслҳои имрӯзу оядаи кишвар мебошад.
Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ чорабиниро гуворо намуданд.

Саидвоҳиди Қосим,
«Паёми Кӯҳистон»