Ба беш аз 30 оилаи ниёзманд кумак расонида шуд

0
57

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани оилаҳои камбизоат, маъюбон ва барҷомондагон дар арафаи иду ҷашнвораҳо ҳамасола ба ин қишри ниёзманд кумакҳои моддиву молӣ расонида мешавад.
Дар арафаи Иди шарифи Рамазон як саховандпешаи маҳаллӣ ба беш аз 30 оилаи камбизоати ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумаки моддӣ расонидааст.
Шамсиддин Шоҳмуродов, мудири бахши ҳифзи иҷтимои аҳолии ноҳия дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон” гуфт, ки шахсони хайрхоҳу саховатманд дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар иду ҷашнвораҳо иқдом мегиранд, ки ба оилаҳои камбизоат кумаки моддӣ расониданд.
“Дар арафаи Иди моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби як шахси хайрхоҳу саховатманди диёр, ки нахостааст номаш ошкор шавад, ба зиёда аз 30 оила ниёзманд маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, бринҷ, макарон, шакар ва дигар намуди маҳсулот кумак расонида шуд. Некиву хубиҳо ҳанӯз вуҷуд доранд. Кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд дастрас карда шуданд”,- изҳор дошт Шоҳмуродов.
Кумак ба оилаҳои камбизоат ба хусус дар арафаи иди моҳи Шарифи Рамазон аз зумраи амалҳои хайру савоб маҳсуб мешавад, ки ҳама сола чунин тадбир аз ҷониби давлату ҳукумат ва ашхоси хайрхоҳу саховатпеша анҷом дода мешавад.

Беҳзод Ҷумъазода