БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
148

Санаи 30-ноябри соли 2020 ҷаласаи Комиссияи ҳудуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, муовини сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Буриев Идибек кормандон ва ҳайати комиссияи ноҳияви оид ба ҳолатҳои фавқулода иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа нахуст сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, подполковник Қозиев Исматулло суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти комисияи ҳудуди МИҲД-и ноҳия дар давоми 11-моҳи соли ҷори ҳисобот дод. Номбурда зикр кард, ки дар давоми 11 моҳи соли 2020 дар ҳудуди ноҳия ду ҳолати фавқулодаи хусусияти табиидошта-хунукии аз меъёр зиёд, ки боиси талаф ёфтани ҳосили дарахтон гардид ва маблағи зарари он ба 1млн. 320 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Инчунин бар арсари боришоти бардавоми борон ва шамоли сахт санаҳои 7-8-уми июли соли 2020 ба бинову иншоотҳо ва роҳҳои автомобилгард хисорот ворид гардид, ки маблағи зарар 198 ҳазору 376 сомонӣ буда, нисбати соли 2019 ду адад зиёд мебошад.
Сипас ҳисоботи мудири бахши Рушди иқтисод ва савдои ноҳия Ҷаҳоншер Саидов доир ба омодагии ташкилоту муассисаҳо ба давраи зимистони солҳои 2020-2021 шунида шуд. Мавсуф зимни баромад қайд кард, ки ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аз ҷумла маориф, фарҳанг ва тандурустӣ тибқи нақшаи комиссияи зимистонгузаронии ноҳия пурра бо ангишт ва ҳезум таъмин гардида, инчунин ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард низ маводҳои зиддилағзиш ва сӯзишворӣ дастрас карда шудааст.
Дар ҷаласа муовини сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Буриев Идибек доир ба вазифаҳои асосии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ибрози назар намуда, қайд кард, ки вазифаи асосии Комиссияи ҳудуди шаҳру ноҳияҳо пеш аз ҳама пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода мебошад.
“Баҳри рафъи ҳолатҳои фавқулода ё худ офатҳои табиӣ, захираҳои моддӣ зарур аст. Тавре маълум аст захираҳои моддӣ аз ҷониби МИҲД-и ноҳия таъмин шудааст, аммо тибқи қонун бояд ҳар як ташкилоту идора барои рафъи ҳолатҳои фавқулода захираҳои моддии худро дошта бошад”,-зикр намуд дар идомаи суханронӣ полковник Буриев Идибек.
Ноҳияи Кўҳистони Масчтоҳ дар саргаҳи дарёи Зарафшон қарор дошта, ҳамсола бо баланд шудани сатҳи оби дарё роҳу пулҳо ва заминҳои корам зарар мебинанд. Дар баробари ин рустоҳое мавҷуд аст, ки сокинони он дар маърази хатар ба сар мебаранд. Дар ин замина тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони Экологӣ барои солҳои 2021-2023» 30 нафар аз оилаҳои зери хавфи офати табиӣ қарордошта, барои кўчонидан ба ноҳияи Зафаробод пешниҳод гардидаанд.
Баҳри бартараф намудани офати табиӣ дар ҳудуди ноҳия 14 адад техникаи муҳандиси дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳама рўза дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон аз 29-декабои соли 2018 № 602 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумуҳрии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030», иҷрои амру дастурҳои Призиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафъи ҳолатҳои фавқулода, ҷоннок намудани кори Комиссияи ҳудуди мақомоти иҷроия, баррасӣ гардида, аз ҷониби Раиси Комиссияи ҳудуди МИҲД-и ноҳия Бобозода Хайрулло ба кормандони ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ва ҳайати комиссия дастуру вазифагузориҳои мушаххас дода шуд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here