АҒБАИ ОББУРДОН АЗ ТАРМАВУ ШАХПОРАҲО ТОЗА МЕШАВАД

0
38

Дирӯз 16 майи соли равон раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои тозаву ҳамворкунии роҳи Ағбаи Оббурдон дидан карда, ба кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои ҳарчӣ зудтар аз тармаву шахпораҳо тоза ва ҳамвор намудани ин роҳ дастуру маслиҳатҳо дод.

Роҳи Ағбаи Оббурдон ҳама сола дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бар асари боришоти зиёди барфу борон, ки боис ба лағзиши тармаву шахпораҳо мегардад, баста шуда ва дар моҳҳои май – июн пас аз тозаву ҳамвор намудани он дубора барои равуои сокинон боз мешавад.

Муллонеъмат Қозиев, сардори МДНРА ноҳия мегӯяд ҳар сол аз буҷети ноҳия барои тоза кардани ағба даҳҳо ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад:

“Ағбаро мо ҳар сол бо гарм шудани ҳаво тоза мекунем ва ҳамин минвол то тирамоҳ ҳаракати нақлиёт дар ин масир барқарор мешавад. Соли гузашта аз ҷониби ширкати Тоҷикистону – Хитой наздик ба як миллион сомонӣ барои васеъу ҳамвор намудани роҳи ағба харҷ ва роҳ ба андозаи 7 метр васеъ карда шуд. Дар баъзе аз гардишҳои сари ағба, ки танг буд, шахпораҳо канда ва васеъ карда шуданд. Имсол низ бо дастури раиси ноҳия мо корамонро дар ин самт идома дода, ҳаракат мекунем ҳарчи зудтар роҳро боз кунем”,- гуфт дар суҳбат Муллонеъмат Қозиев.

Роҳи ағбаи Оббурдон солҳои 80-уми асри гузашта бо ташаббус ва кўшишҳои шодравон Холмуҳаммад Сангинов — раиси ҳамонвақтаи Иттиҳодияи гўсфандпарварии байнихоҷагие, ки ҳамон айём фаъолият дошт, оғоз шуда, соли 1989 сохтмони он анҷом ёфт. Ағбаи Оббурдон аз сатҳи баҳр наздик ба 4000 метр баланд буда, масофаи он дар маҷмуъ 50 км аст. Тавассути ин ағба сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ноҳия Деваштич гузашта, ҳамин тавр ба динар навоҳии вилояти Суғд сафар мекунанд.

Беҳзод Ҷумъазода