Аёдати тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

0
23

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо либосҳои мактабӣ ва варзишиӣ туҳфа кард.
Дар суҳбат бо устодону тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоӣ Раиси вилоят иброз дошт, ки ятимону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба таълиму тарбияи онҳо аз ҷониби давлат шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Қишри ниёзманди ҷомеа набояд худро бекас эҳсос намоянд, зеро Ҳукумати мамлакат барои дастгирии онҳо ҳамеша тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Хурдсолонро зарур аст, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар оянда соҳиби касбу ҳунар гарданд ва ба халқу давлат хизмат намоянд.
Дар Мактаб-интернати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ 2 нафар ятими кул, 2 нафар нимятим ва 44 нафар аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Раиси вилоят барои таъмиру муҷаҳҳазсозии иншооти иҷтимоӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд