АЗ МАРЗИ НОМУС ТО ҲАДДИ ИНСОНИЯТ

0
77

Хитоб ба тангназароне, ки муваффақияти
ҳамдиёри худро чашми дидан надоранд

Халқи тоҷики бофарҳанги мо дар мавриди тангназарон ва онҳое, ки аз оташи бухлу ҳасад ба сӯи мардони муваффақ ҳамеша лахчаҳое аз таънаву маломат партоб мекунанд, як масали бисёр зебое доранд, ки гуфта шудааст: “Дарё палид намешавад аз даҳони саг”!!! Аммо бехабар аз ин, ки лахчаҳое, ки аз оташи бухлу ҳасад бурун омадаанд, аввал худашонро месӯзонанд.
Ин хитоба маҳз ба ҳамон тангназаронест, ки худ ҳунаре барои обод кардани ҳатто дару девори худашонро надоранду аммо ба кори дигарон ҳамеша эрод мегиранд, равона мешавад. Сагони пур аз наҷосат агар аз дарё обе бинӯшанд, ба вусъату паҳноии оби он халал ворид намешавад.
Тангназарон дунёро ҳама вақт ба андозаи чашми тангашон мебинанд ва фикр мекунанд, ки ҷаҳон ҳамоне аст, ки онҳо мебинанд. Ба пиндори онҳо ҳарчӣ агар берун аз тасаввуру олами андешаашон бошад, қобили қабул нест, аниқтараш бар муроди дилашон нест. Сатҳи тафаккуру дониши онҳо ба ҳамон сатҳе аст, ки дар ҳудуди дару хонаи худашон маҳдуд мешавад ва идораи умури давлату ҳукуматро мисли сардории худ бар оилаҳояшон медонанд. Ҳатто баъзе аз ин афрод санге болои санге намонда, даъвии меъмор буданро мекунанд. Баъзеи дигар, ҳаттои ҷӯи пушти хонаю роҳи кӯчаашонро обод кардан наметавонад, ба ободкориҳои дигарон эрод мегирад.
Боиси таассуфу шурбахтист, ки бовуҷуди пешравиҳо дар соҳаи илму фанновариҳо дар ҷаҳон, бархе аз инсонҳои тангназар бо истифода аз ин манфиатҳои нопоки худро пиёда кардан мехоҳанд ва ҳар касе ба онҳо маъқул нест, ё ба хости дили онҳо рафтор намекунад, санги маломат партоб мекунад.
Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус Фейсбук аз ҷониби ашхоси беҳунару ҳасуд ва ифротиҳои оқипадар бо истифода аз номи мардум роҳбарони шаҳру ноҳияро мавриди таҳоҷуми лафзӣ қарор медиҳанд. Аҷиб ин аст, ки ин тоифаи беҳунар аз номи мардум муроҷиатҳо навишта ба унвонии шахсони аввал мефиристанд ва худ дар каноре истода ин ҳама кори номардонаашонро тамошо мекунанд ва мунтазир мемонанд, ки ба буҳтонномаҳои онҳо чи вокунише сурат мегирад.
Албатта ба ин буҳтонномаҳову савсатанавиштаҳо намешавад чашм пӯшиду ё посухе нагуфт, чун виҷдон ором намегузорад. Ба хусус, оне ки қалбаш ҳамеша барои ободии диёраш метапад, ё талоше барои беҳбудии рӯзгори ҳамдиёронаш мекунад, наметавонад ин ҳама буҳтонномаҳоро таҳаммул кунад. Вақте ҷое буҳтону дуруғу фитнаву кинаву адоват реша медавонаду сар ба рустан мекашанд, бояд бо тешаи росту ҳақиқат ин решаҳоро канду бо теғи адолату некию саховатмандӣ ин ҳамаро сар бурид.
Чанде аз касифтабъон ва муътодони курсию вазифа дар шабакаи ичтимоии фейсбук аз номи сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба кори раиси ноҳия Хайрулло Бобозода эрод гирифта, дунёи тангу бухлу ҳасадашонро фош намуда, бо ин роҳ хостаанд аз номи мардуми баору номуси Масчоҳ манфиатҳои нопоки худро пиёда созанд. Аслан чанд вақте ҳаст, ки дар ҳарду ноҳияи масчоиён: Мастчоҳу Куҳистони Мастчоҳ дар фейсбук дуруғу буҳтону ҳангомаҳои беасос паҳн гардида, бо ин роҳ дар байни мардум тухми тафриқаву низоъ мепароканд. Шояд ин тангназарон фикр кунанд, ки бо ин роҳ метавонанд ба бунёди иттиҳоду ҳамдилӣ халал ворид сохта, назари мардумро ба ҳукумату давлат иваз намуда, нобовариро афзун намоянд. Аммо мардуми баномусу бошарофати мо дар ҳама ҳолат ба фирифтеи ин бадхоҳон дода нашуда, содоқатмандии худро ба давлату ҳукумат бештар мекунанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифи худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъкид намуда буданд, ки вақте мо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро таъсис доданӣ будем, баъзеҳо зид баромада буданд. Вале бовуҷуди ин ноҳияро ташкил кардем. Аммо имрӯз мебинем, ки дар ташкили ин ноҳия иштибоҳ накардаем.
Ин сухани Пешвои миллатро мазмунан овардам, аммо дар воқеъ вақте ба ободиҳое, ки таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми як даҳсолаи охир ба ин ноҳия назар мекунем, ин гӯшаи дурдасти кишвар ба як ноҳияи пешрафта табдил шудан дорад. Президенти кишвар низ зимни сафари охиринашон ба ин ноҳия дар соли 2019 гуфта буданд, ки симои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ акнун зебо гардида, ин гӯшаи кишвар ба як ноҳия зебову пешрафта табдил шуда истодааст.
Албатта бунёди чандин иншоот дар маркази ноҳия ва деҳаҳои дурдасти ин диёр худ боз гӯи он аст, ки марҳила ба марҳила куҳандиёр ободу зебо гардида истодааст.
Имрӯзҳо таҳти роҳбарии раиси ҷавону ободкори ноҳия Хайрулло Бобозода бунёди як қатор иншооти дигар ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар бо маром идома дорад.
Раиси ободкори ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, муассисасаҳои таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаҳои дурдаст диққати махсус дода, мушкилоти аввалиндараҷаи сокинони ноҳияро зина ба зина ҳал намуда истодаанд.
Дар деҳаи Оббурдони ноҳия ба муносибати Рӯзи Конститутсия маркази саломатӣ баъди азнавсозиҳо ба истифода дода шуд, ки барои беш аз 3 ҳазор аҳолии ҷамоати Иван-Тоҷик хидмат мерасонад. Ҳамчунин дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия: деҳаи Ланглиф бо дастгирии молиявии шарикони рушд бунгоҳи тиббӣ бунёд гардида, сохтмони он дар арафаи анҷомёбист. Мактаби деҳаи Палдорак, ки дар ҳолати садмавӣ қарор дошт, бо талошҳои пайдарпайи раиси ноҳия сохтмони он тобистони соли равон оғоз гардида, ошёнаи якуми он пурра сохта шудааст, бо гарм шудани ҳаво сохтмони ошёнаи дуюми бино оғоз хоҳад ёфт. Кашидани хатти баландшиддати барқ ба 14 деҳаи ҷамоати Лангар бо маром идома дошта, корҳои васлу насби он то деҳаи Пакшиф ба анҷом расида, аллакай ба се деҳаи ин ҷамоат: Деҳманора, Дашти Миёна ва Пакшиф хатти баландшиддати барқ кашида шуда, хонаи сокинон бо барқи давлатӣ таъмин гардидааст. То имрӯз сокинони ин деҳаҳо тавассуси ГЭС-ҳои худсохти иқтидорашон паст, неруи барқ мегирифтанд. Корҳои васлу насби барқ ба деҳаҳои боқимонда идома дорад.
Шоири хушном ва маъруфи ҳамдиёри мо, устод Ҷӯра Юсуфӣ дар яке аз мисраъҳои шеъри маъруфашон бо номи “Масчо” дар мавриди ору номуси мачоиён хеле зебо гуфтаанд: “Орият ин ҷо чизи асосист… ”.
Виҷдон, номусу орият таҳти роҳбарии ягон раис нест, балки ҳадде ҳастанд, ки инсониятро ифода мекунад, маъни инсон буданро тавсиф менамоянд. Вақте кас аз марзи номусу аз ҳадди инсоният берун меояд, дигар виҷдон дар ӯ боқӣ намонда.
Пеш аз он ки аз номи мардуми Масчоҳ буҳтонномаю дуруғномаҳоро бинвисед, якбор ба виҷдони худ гӯш диҳед!

Беҳзод Ҷумъазода,
рӯзноманигор,
сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here