Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021

0
2

20-уми апрели соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолон баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2021 баррасӣ шуд.

Маҷлиси фаъолонро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2021 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намуда буданд, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Дар ин марҳала нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят равнақ ёфт. Дар натиҷаи амалӣ намудани силсилаи тадбирҳо заминаи рушди устувори ҳамаи соҳаҳо гузошта шуд.

Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон муовини Раиси вилоят Назирӣ Зариф Вализода маърӯза намуд.

Қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 100,1  фисад таъмин гардида, ба буҷет 721,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 432,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 539,6  миллион сомонӣ 545,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки  аз нақша  1,0 фисад ё 5,6 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар се моҳи соли равон 505,5 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи даромадҳои воқеии буҷет маблағгузории соҳаҳо таъмин карда шуд. Ба иқтисодиёти вилоят 500,7 миллион сомонӣ равона гардида, нақшаи қисми хароҷот 99,1 фисад иҷро гардид.

Муовини Раиси вилоят қайд кард, ки маблағгузории талаботи нафақа тибқи реҷаи мувофиқашуда роҳандозӣ гардида, барои се моҳи соли 2021 талабот ба маблағи 219,4 миллион сомонӣ муайян ва  дар муҳлатҳои пешбинишуда пурра пардохт мешавад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳаҷми умумии гардиши савдо дар се моҳи соли 2021 ба 2971,2 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 875,5 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 100,0 ва 93,0 фисад мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2021 ба 479,2 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли  2020-ум  105,2  фисад таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 344,5 миллион доллари ИМА буда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,9 миллион доллар кам шудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 134,7 миллион долларро ташкил намуд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 4155 тонна ё 28,7 фисад  таъмин гардида, 8396 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 2,7 миллион доллар содирот шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-марти соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 65,7 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 108,0 фисад таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 50,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 15,4 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст.

Давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 4 миллиарду 368,9 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 127,8 фоиз таъмин гардид.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми се моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 31 корхонаву коргоҳҳои нав бо 266 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 277 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 204 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44767 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри амалӣ намудани «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба иҷро расиданд.

Дар ин давра ҷиҳати татбиқи амалии Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу варзиш низ эътибори хоса зоҳир гардида, барои таъмини рушди соҳаи мазкур 34,1 миллион сомонӣ маблағ равона гардид.

Дар идомаи маҷлис раисони шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Конибодом, Деваштич Истаравшан ва Зафаробод  аз вазъи соҳоти мухталиф, муаммо ва мушкилот, тадбирҳои амалишаванда ва нақшаҳои минбаъда  маълумот доданд.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи соҳаҳо  ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастур дода, дар назди масъулин баҳри ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ, таъмини рушди соҳаи кирмакпарварӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, густариши корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, ҳифзи солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарбияи насли наврас, пешгирии содиршавии ҷиноят ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки имсол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихист ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни бошукӯҳи миллӣ ҳамагон бояд аз сидқи дил фаъолият намоянд. Масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани тантанаи 30-солагии истиқлолияти кишвар бояд масъулияти бештар аз пеш дошта бошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд