ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ФАРД АСТ

0
179

«Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандўстонаи ҳар як фарди ҷумҳурист.»
                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

      Кўҳистони Масчоҳ мавзеест дур аз шаҳрҳо ва умқи таърих паноҳгоҳи бисёре аз мардумони орифу оқил, ватандўсту боимон ва бошарафу бономус буду мемонад. Дар тӯли таърих бисёриҳо аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ то ҳуҷуми иҷбории Чингиз, ки муқовимат ба ин хунхори аср ғайри имкон буд ва замони ҳуҷум ба ҷону имон ва номуси мардум хатари ҷиддӣ эҷод мешуду аз тарси ҷон рӯ ба фирор мениҳоданд, хонаву дар ва боғу роғашонро гузошта дар паи ҳифзи ҷону имон ва номусашон мешуданд.
Ба қавли шоире, ки фармудааст:
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

    Хусусан, давраи ҳуҷуми харобиовари лашкари Чингиз ба Осиёи Миёна хеле бераҳмона буд. Ин ҳуҷум ба сари мардуми ин марзу бум, алалхусус Суғдзамин ва яке аз шаҳрҳои хело тараққикардаи қадим Тирози ҷаҳон (Хуҷанд) фалокат ва ваҳшониятҳои даҳшатнок, ки назирашро таърихи инсоният кам дидааст, ба бор овард.  Аз рӯи ақидаи муаррихони машҳур муғулҳои ваҳшӣ вахунхор ба ин сарзамини биҳиштосо, ба қавле “омаданд, канданд, сўхтанд, куштанд ва бурданд». Ҳазорон хонаводаҳо бе хонаву ҷой, дар ба дар гаштанд.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бисёр ёдгориҳои таърихие аз аҳди бостон мавҷуданд, ки то ба имрӯз паҳлуҳои таърихии онҳо ба таври амиқ омӯхта нашудааст. Гузашта аз ин, набудани осорхонаи оммавӣ барои нигоҳдории маводҳои таърихӣ дар ноҳия барои нобуд шудани баъзе аз ёдгориҳо замин ба вуҷуд меоварад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мазору оромгоҳ ва қадамҷойҳои бузургони аҳли дин ва шахсиятҳои маъруф мавҷуданд, ки таърихи онҳо низ ба таври васеъ омӯхта нашудааст. Бибиаёзи Хуҷандӣ яке аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳо мебошад. Мазори ин орифи бузург дар деҳаи Лангар ҷой гир мебошад.
Бино ба қавли гузаштагони деҳаи Лангар Бибиаёзи Хуҷандӣ ба ин деҳа омада дар мавзеи лангархонаи канори деҳа маскан гирифта ва дар ҳамин ҷо ба ҷавори ҳақ пайвастааст. Бародар ва хоҳари эшон яке дар деҳаи Рунҷ ва дигаре дар деҳаи Ғувинди ноҳия низ зиндагӣ ва иқомат кардаанд, ки турбаташон дар деҳоти мазкур мебошанд. Ба қавли гузаштагон Хоҷа Дарвеш бародарашон буда, худи Шайх Хоҷа Дарвеш хоҳарзодаи Шайх Муслиҳиддин будаанд. Дар ҷое зикр шудааст:
Хоҷаи Дарвеш хело озода буд,
Ў ҷаноби Шайхро хоҳарзода буд.
Мутаасифона, аҳли деҳа ва калонсолон доир ба пайравони аҳли тасаввуф чизеро намедонанд ва мадраке низ дар даст нест. Шунидаем, ки аҳли деҳ бисёр китобҳои диниро солҳои 20-30-юми асри гузашта бар асари ҳодисаҳои маълум дар яке аз ғорҳои соҳили Зарафшон пинҳон намуданд, ки он мавзеъро об ба коми худ бурда, ганҷинаҳои маърифатро нобуд кардааст.
Дар деҳаи Лангар китобхона ва осорхонаи шахсӣ вуҷуд надорад. Солҳои 30-юми асри гузашта қиблагоҳам Шоев Холмаҳмад, ки байни мардум бо номи Холи Шоҳ маъруф буданд, китобҳо ва ёдгориҳои таърихии зиёде ҷамъоварӣ ва ҳифз намуда, ба мерос боқӣ гузоштанд. Банда аз солҳои 80-ум ин амалро давом дода, теъдоди онҳоро наздик ба 500 номгўй расонидам, ки метавонад ба меҳмонони хориҷӣ аз фарҳанги пурғановати ин марзу бум маълумотҳои пурарзиш диҳад. Гаҳ — гоҳе меҳмонон аз кишварҳои Фаронса, Олмон, Белгия Русия, ки ба ноҳияи Куҳистони мо саёҳат намуда, тариқи ағбаи Табасмин бо Яғноб ва ё аз он ҷо ба ноҳия меоянд, аз ин бойгонии мо дидан мекунанд ва баҳои хуб низ медиҳанд. Дар китобхона низ беш аз 2000 ҳазор китоб, бо шумули адабиёти классикону форсу тоҷик, ба мисли Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Шайх Аттор, Хоҷа Ҳофиз, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бедил, Амир Хусрав ва классикони Ғарб Ҷек Лондон, Александр Дюма, инчунин класикони рус Пушкин, Лермонтов, Алексей, Толстой, Горкий ва осори адибони ўзбеку қирғиз ва туркман мавҷуданд, ки муштариён аз деҳаҳои ҳамсоя: Мадрушкат, Хайробод ва Падаск омада, аз ин осори бузургон фаровон истифода мебаранд. Ашёҳои таърихӣ аз мису сафолин сохта шуда, аз қабили офтоба чойҷўш, дег, табақ, кўза, лулаҳои обгузарон, косаву пиёлаҳои чинӣ, ки таърихи беш аз 100-сола доранд, дар меҳмонхона ва ду айвон нигоҳ дошта мешаванд. Мутаассифона, ҳамаи ин ин ёдгориҳои таърихӣ дар хонаи истиқоматӣ ҳифз карда мешаванд. Аҳли фарҳанги ноҳия аз ин мушкилот огоҳанд.
Мо чанд маротиба ба унвонии вазири фарҳанги кишвар барои дастгирӣ ва бунёди осорхона, ки аллакай дар замини наздиҳавлигии худ пойдевори он гузошта шуда, баъзе корҳои сохтмонии онро ба анҷом расонидаем, мактуби дастаҷамъи аз номи аҳли фарҳанг ва адибони ҳарду ноҳияи Мастчоҳ ва масчоҳиёни сокини пойтахти кишвар ирсол намуда будем.
Хурсандибахш ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар вазоратхонаҳоро муваззаф намуданд, ки осорхонаву маҷмааҳои фарҳангиро азнавсозӣ намуда, барои ҷалби сайёҳон ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ омода созанд. Умед аст, ки мушкилоти дар ин соҳа буда, ҳалли худро меёбад. Оиди омўзиши маводҳои ҷамъоваришуда низ нуқтаи назари муаррихон ва ихтисосмандони соҳа зарураст.

Файзуллои Холмуҳаммад,
Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here