ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИСТ!

0
12
Санаи 20.09.2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷаласаи назди Раиси ноҳия муҳтарам Хайрулло Бобозода бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, фаъолон ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур нахуст оиди андешидани чораҳо барои сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ гардида, масъулин барои саривақт иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд.
Ҳамчунин дар рафти ҷаласа аз ҷониби Прокурори ноҳия Ҳасанзода Аббосҷон Рузибой моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2021 таҳти №246 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” фаҳмонида шуда ба масъулин пешниҳод гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳии қонуни дар боло зикршударо дар байни аҳоли хуб ба роҳ монанд ва ҳамчунин барои сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи ҷаласа оиди рафти иҷроиши андоз дар ноҳия, вазъи бемориҳои сироятӣ ва сифатнок ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Саидмаҳмад Шодиев