СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ СУДИ НОҲИЯИ КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ҒУЛОМЗОДА ИНОЯТУЛЛО ШАРИФҶОН БАХШИДА БА 26-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0
102

Ҳамватанонӣ гиромӣ!
Ҳоло мо дар арафаи ҷашнгирии қабули санади муқаддас ва тақдирсоз, 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Ҳануз 26 сол қабл, яъне 6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки амиқи таъмини соҳибихтиёрии давлати худ, муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои шахс, эътироф кардани баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳо, бо тасмими бунёди ҷомеаи адолатпарвару демократӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди муҳими сиёсӣ буда, ҳуҷҷатест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ бартарӣ дошта, дар он тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии давлат дарҷ гардидаанд.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми сиёсие, ки дар ҷомеаи мо арзи вуҷуд намудааст, ба мафкураи мушаххас, ки нишонаи онро андешаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад, асос меёбад. Ҳар як меъёр ва ҳар як ҷузъи Конститутсия сарфи назар аз он, ки онҳо ташкил ва фаъолияти давлат ва ё вазъи ҳуқуқии инсонро ба танзим медарорад, аз унсури мафкуравӣ бархурдоранд. Аз ин лиҳоз, Қонуни Олӣ аз санаде, ки ба усули ҷаҳонбинии мушаххас такя мекунад, шаҳодат медиҳанд ва ба ҳаёти маънавии ҷомеа ба василаи интишори афкор, тасаввурот ва арзишҳои мушаххаси сиёсию ҳуқуқӣ асари ҷиддӣ ворид мекунанд.
Зуҳури ин хусусияти Конститутсия ба омилҳои дохилию хориҷии кишвари мо пайвастагӣ дорад. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми Конститутсияҳои мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол менамояд. Аҳамияти муҳими таърихӣ ва байналмиллалии қонуни мазкур дар он аст, ки Тоҷикистон як қисми ҷудо нашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон карда шуда, тавассути кишвари мо воҳиди баробарҳуқуқии ҷомеаи байналмиллалӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии давлат ба роҳ мемонад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро ба сифати аризиши олӣ эътироф намуда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.
Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ низ бузург мебошад.
Шоёни таҳсин аст, ки дар Конститутсия чун шохаи мустақили ҳокимияти давлат эътироф кардани ҳокимияти судӣ ва ворид намудани ислоҳот дар ин сохтор, яъне қабули Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти ақидаҳои арзишноки илмӣ ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадами судии кишвар қабул гардид ва бо қабули қонуни мазкур мақомоти суди дар кишварамон боз ҳам мустаҳкам гардид.
Зиёда аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои баробарҳуқуқӣ Созмони Милали Муттаҳид буда, ба аснодҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ бо роҳи қабул ва эътироф кардани онҳо ба низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ санадҳои ҳуқуқии байналмиллалиро ҷой додааст.
Чунон чи импломентатсия, яъне ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани санадҳои ҳуқуқии қабулмешуда вобаста ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷои махсусро нишон додаст.
Низоми давлатдорӣ, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ инкишоф ёфта, як зумра қонунҳои миллӣ қабул гардиданд, ки барои рушди ҷомеа, бобати таҳкими ҳокимияти судӣ, гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ саҳми беназир мегузоранд, ки ин ҳама аз Констутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ва сарчашма меёбад.
Ҳокимияти судӣ вобаста ба таъмини адолати судӣ, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналхалқӣ, экстремизми сиёсию динӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, дар ҷомеа тадбирҳои ҳадафрасро анҷом медиҳад.
Таъмини волоияти қонун ба мо даст медиҳад, ки дар ташкили ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд марҳила ба марҳила комёб гардида, таъмингари он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Корҳои ободкорию созандагӣ, ки имрӯз дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ба назар мерасанд, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи аҳамияти байналмилалидошта шаҳодат дода, маҳсули он рӯзҳои сангини талош барои сулҳ, гуфтушунид ва мулоқотҳои зиёд дар ин роҳ ҳастанд.
Бо низоми Конститутсия ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои Муаззами Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме дар арсаи ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, шинохти ҷавҳари таърих, пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ комёб гашта, пояҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд устувор гардида истодаанд.
Ҳамин тавр бо қабул ва ба танзимдарории санади тақдирсоз дар давоми 26 сол Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои хеле зиёд муяссар гардидааст, ки бидуни маҳдудияти вақт сухан ронем ҳам кам мебошад.
Аз ин рў дар фарҷоми сухан, ҳамаи шуморо ҳамватанони мӯътабар бо ин рӯзи таърихӣ ва муқаддасу тақдирсоз табрику таҳният намуда, ба Шумо ҳаёти пур аз муҳаббати илҳомбахш, сулҳу субот, иқболи нек ва саодати рўзгор орзумандам!

Бо эҳтиром,
Раиси суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ
Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here