Харобкориҳои офати табиӣ бартараф мешаванд

0
216

   Ба асари боришоти борони шидиди санаи 18-уми июли соли 2020 дар деҳаҳои Арсовит, Резгиф, Ғузн ва Эсизи ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сел омада, ба хоҷагии халқ ва роҳу пулҳои ин деҳаҳо хисорот расонид.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз деҳаҳои офатзада дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани офати табиӣ ба масъулини дахлдор дастуру вазифагузориҳо намуданд.
Сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия Қозиев Исматулло зимни суҳбат гуфт: “Баҳри бартараф намудани зарари офат ду техника сафарбар шудааст.  Инчунин барои ҳарчи зудтар барқарор намудани роҳу ҷӯйборҳо мардум низ тариқи ҳашар кор карда истодаанд. Дар ҷои ҳодиса кормадони Ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ва дигар сохторҳои марбута фаъолият доранд”.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода санаи 19-уми июл сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят Ҳоҷарой Латифӣ низ аз ҷои ҳодиса дидан намуда, бо сафарбар намудани техникаҳои идораи роҳҳои ноҳия қисман роҳу ҷуйборҳо барқарор карда шуданд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия Қозиев Исматулло дар натиҷаи офати табиӣ ва омадани сел 6 км роҳҳои аҳамияти ҷамъиятию маҳаллидошта, 5 км ҷуйбор, ду адад пули хурди мошингузар дар деҳаи Арсовит, 1,5 га заминҳои кишти картошка, 1 га ғаладонагиҳо, 2 адад иншооти ёрирасон зарар диданд.
Хисорати зарари табиӣ муайян карда мешавад.
Саидвоҳиди Қосим

 

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here