РОҲБАРЕ КОРДОН ВА ҶАВОНЕ СОЗАНДА

0
24

Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд, пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар бораи тавонмандиҳои ҷавонон ва кӯшишу заҳмати онҳо баҳри ободиву шукуфоии ватан ҳамеша мегӯем. Расонаҳои хабариву баъзе коршиносон доири такя кардан ба ҷавонон ва гузоштани вазифаҳои бузург бар дӯши эшон пайваста андешаҳои мухталифро ироа мекунанд. Баъзеҳо бар ин боваранд, ки ҷиддан такя кардан бар ҷавонон ва ситоиши аз ҳад зиёду боварӣ бар онҳо метавонад, паёмадҳои нохуб ҳам дошта бошад. Ва баръакси ин афроди зиёде аз такя кардан ба ҷавонон ба хубӣ истиқбол мекунанд ва бар ин боваранд, ки бо неруву тавонмандиҳои эшон метавонем, як давлати аз ҳар лиҳоз пешрафтаву мутамаддинро доро гардем.

ОҒОЗИ РОҲ

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоии ютуб вобаста ба фаъолияти Хайрулло Бобозода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд як навори видеоӣ паҳн гардид. Доири ин дар шабакаи ютуб чандин гуфтумонҳо ва баҳсҳои тезу тунд ҳам сурат гирифт. Баъзеҳо аз камтаҷрибагии ин ҷавони ҳамакнун ба вазифаи раиси ноҳия таъиншуда мегуфтанду баъзеи дигар оиди дар кори идориву ҷамъиятӣ муваффақ набуданаш. Чанде аз корбарон вобаста ба талошҳои ин ҷавон дар роҳи ободии ноҳия ва кӯшишҳояш ҷиҳати пешрафта гардонидани ин минтақаи дурдаст шарҳҳо ҳам гузоштаанд. Мо ҳам вобаста ба ҳамин масъала ва огаҳӣ пайдо кардан аз ин ки як ҷавон бо бар дӯш гирифтани масъулияти сангин то куҷо метавонад, дар ҷомеа хизмат кунад, роҳ пеш гирифтем ба самти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.
Ҳеҷ ҷои пӯшидан надорад, ки касро роҳҳои пурпечутоб ва шебу фарозҳои мулҳик ба Кӯҳистони Мастчоҳ мерасонад. Ба ноҳияе, ки замоне пурғуруртарин тоҷиконро дар доманаш парваридаву барои ҳимоя аз марзу буми аҷдодӣ ва нигаҳдошти асолати миллӣ ба марзҳои кишвар фарзандонашро муҳоҷир карда буд.

ШАҲРАКЕ ДАР ДИЛИ КӮҲСОРОН

Мо пас аз паймудани роҳи зиёд, ки ҳудуди 6 соат тӯл кашид, ба маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон расидем. Бовари кас намеояд, ки сокинони ин ноҳия зери сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили кӯҳ як шаҳраки зебову бо тамоми инфрасохтори зарурӣ муҳайёро бунёд кардаанд. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми ин ноҳияи кӯҳсор нигоҳ накарда бо ҳама мушкилоти мавҷуда дар роҳи бунёди як зиндагии осоишта талош доранду пайи ободии ин гӯшаи меҳан камари ҳиммат бастаанд. Сохтани як шаҳраки замонавӣ дар баландии 2,5 ҳазор метр баландӣ аз сатҳи баҳр, на корест саҳлу содда ва ин касро ба он мутақоид мекунонад, ки эшон дар ҳақиқат талоши ободиву созандагӣ доранд. Ростӣ, гумон надоштем, ки моро дар ин кӯҳистони дурдаст як манзараи зебои шаҳрнамо истиқбол мегирад.

Бо расидан ба дари бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия истиқболамон гирифт. Ба дурустӣ вақте бо эшон сари чандин масъала баҳсу мунозираҳо кардем, ба як нукта, ки Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, сад дар сад бовар ҳосил кардем. Бешубҳа Пешвои миллат амиқан дарк карда ва гуфтаанд, ки “Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ба онҳо такя мекунем”. Танҳо дидани шаҳраки Меҳрон касро ба тасмимгириҳои оқилонаи Роҳбари давлат дилгарм мекунонад.

Ин нукта ҷои гуфтан дорад, ки маҳз интихоби дурусти кадрҳо ва дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ таъин кардани ҷавонон аст, ки сол аз сол иқтисоди мамлакат дар ҳоли рушд қарор гирифта, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва тавонмандиҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа то рафт боло меравад. Рушд ёфтани соҳаҳои саноату кишоварзӣ, зиёд гардидани сафи соҳибкорони ватанӣ, боло рафтани дониши молиявии ҷавонон ва дар ин замина сармоягузорӣ шудани рушди неруи инсонӣ аз тадбирҳои муассиру зарурианд. Ва хушбахтона, ин ҳамаро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан имкон дорад.

Хайрулло Бобозода, ки ҳамакнун ҷавони 33-сола аст, дар роҳи хизмат ба ватан ва обод кардани меҳан талошҳои зиёд дорад. Дар давраи як соли роҳбариаш дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат чандин корҳои неку мондагорро ба сомон расонидааст. Дар ноҳияе, ки буҷаи на он қадар зиёд дораду минтақаи кӯҳӣ маҳсуб меёбад, танҳо давоми як сол аз ҳисоби даромадҳои буҷетӣ сохтани зиёда аз 20 иншооти гуногун корест, васфшуданӣ.

Ҳангоми даромадан ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия одамони зиёдеро вохӯрдем. Вақте бо чанде аз эшон суҳбат кардем, ҳама бо як овоз дар хусуси ҷавонмардӣ ва дурандешиву дарки масъулияти роҳбари ноҳия ҳарф мезаданд. Дар вақти суҳбатҳо яке аз корафтодагон, ки аз деҳаи дурдаст барои кадом масъалае назди раиси ноҳия омада буд, гуфт, ки агар саховатмандиву ҳиммати раиси ноҳия набошад, касе аз деҳоти дур ба ин ҷо намеояд. Яъне танҳо умеду боварист, ки нафарони зиёд ба пазириши раиси ноҳия моянду хушнуд аз дафтари кориаш бадар мешаванд.

Чунончи худи эшон дар суҳбат бо мо иброз доштанд, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия ва некуаҳволии мардум, дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро ба роҳ монда, ҳамасола нишондиҳандаҳои назаррасро соҳиб мегарданд.

– Мо зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат барои рушди соҳаҳои ноҳия ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон тамоми тадбирҳоро меандешем. Далели возеҳу равшани он сол то сол боло рафтани даромади сокинон ва дар ин замина рушд ёфтани бахшҳои муҳиму калидии соҳаҳои гуногуни ноҳия мебошад. Барои мисол дар соли сипаришуда мо ба 3 деҳае, ки то имрӯз қувваи барқ надоштанд, хатҳои интиқоли барқ кашидем. Ё дар самти кишоварзиву дигар соҳаҳо низ дастовардҳои хубу назаррас доштем. Дар соли 2020 кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳудуди 100 ҳазор тонна картошка истеҳсол карданд, ки нисбат ба як соли пеш қариб 15 ҳазор тонна зиёд аст. Дар соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, 3 миллиону 790 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 250 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар дигар самтҳо низ дастовардҳои назаррас дорем, ки ин албатта бо дастгирии сокинону дигар сохторҳои маҳаллӣ амалӣ гардид,- афзуд, раиси ноҳия.

Ин ҳама албатта аз кордониву дар кори роҳбарӣ муваффақ будани раиси ноҳия дарак медиҳад. Ва ин нишондиҳандаҳо касро бар ин нукта водор мекунонад, ки набояд дар роҳи пешгирифтаи ин гуна ҷавонони ватанпарвар сад гузошт, балки мебояд эшонро баҳри боз ҳам обод кардани меҳан дастгирӣ намуд.

Роҳбарияти олии мамлакат низ ҳамеша таъкид менамоянд, ки кадрҳои ҷавонро дастгирӣ бояд кард ва ташаббусҳои эшонро набояд нодида гирифт. Зеро маҳз ҷавонони қавииродаву ташаббускор метавонанд, дар рушду нумуи кишвар саҳми арзанда гузошта, давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо чунин ташаббусҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар солҳои минбаъда низ рушду тараққӣ карда, вазъи зиндагии сокинони он боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

http://javonon.tj/news/youth/ro-bare-kordon-va-avone-sozanda/