Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуд

0
140

Имрӯз, 23 феврали соли 2021 бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0229-и Қушунҳои сарҳадӣ, воқеъ дар деҳаи Мадрушкати ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии идона доир гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Абдуҳафиз, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва афсарону сарбозони қисми низомӣ иштирок доштанд.
Нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода суханронӣ намуда, ҳайати шахсии қисми низомиро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуд.
Таъкид карда шуд, ки таъсиси Артиши миллӣ гувоҳи мавҷудияти давлати мустақил маҳсуб ёфта, таъсисёбии он ба замоне рост омад, ки ҳанўз дар кишвари мо нооромиҳо ҳукмфаро буда, вазифаи таърихии он пеш аз ҳама мубориза бар зидди нерўҳои зиддидавлатӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, ҳифзи сохти конститутсонӣ ва таъмини якпорчагии кишвар дар ҷомеи маҳсуб меёфт.
“Нангу номус ва орияти ватандорӣ, ки яке аз омилҳои асосии бақои давлат аст, дар ботини ҷавонони саодатманду вафодорӣ миллати тоҷик, ки имрўзҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми давлат адои хизмат карда истодаанд, маскан гирифтааст, ки аз ин сифати воло ҷавонони ноҳияи мо низ хело хуб бархурдор мебошанд”,- иброз дошт раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Абдуҳафиз ба сухан баромада, номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибҳати Рӯзи Артиши миллӣ ба самъи ҳозирин расонид.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Пас аз анҷоми суханрониҳо бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанде аз афсарону сарбозон, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва собиқадорони ҷанг барои хизматҳои содиқонаашон бо туҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дастаи ҳаваскорони Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии омоданамудаи хеш чорабинии имрӯзаро гуворо намуд.

Саидвоҳиди Қосим