Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода аз рафти ҷамъоварии ҳосили гандум ва омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар деҳаҳои Арнохуну Сурхкат шинос шуд

0
131

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили кишти зироатҳо, захираи кофии маводи озуқаворӣ барои ду сол ва омодагиҳо ба мавсимитирамоҳу зимистонми солҳои 2020-2021 раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода аз рафти ҷамъоварии ҳосили гандум ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар деҳаҳои Арнохун ва Сурхкати ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик дидан намуд.
Зимни шиносоӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба кишоварзон ва аҳолии меҳнатқарини деҳоти мазкур доир ба беталаф ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва захираи кофии маводи озуқа дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Зимни боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили гандум раиси ноҳия изҳори қаноатмандӣ сокинон қитъаҳои замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, намудҳои гуногуни зироатҳо кишт кардаанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки аҳолии ин деҳоти дурдасти ноҳия аз кишти зироатҳои худ ҳосили хуб ба даст оварда, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамчунин раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз рафти омодагиҳоба давраи тирамоҳу зимистон аз ҷониби аҳолӣ ва муассисаҳои тиббию таълимӣ шинос шуда, ба масъулин дастур дод, ки маводи сухт, аз қабили ангишт бо нархи арзон ба аҳолии деҳот дастрас намоянд.
Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here