Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард

0
1

Ҳайати расмии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми “Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст” ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ташриф овард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Фарғона муовини якуми ҳокими Фарғона Аваз Ӯринбоев, раиси шаҳри Фарғона  Мирзоҳид Убайдуллоев ва дигар муттасадиён истиқбол гирифтанд.

Ҳайати вилояти Суғд дар бизнес-форуми минтақавӣ ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба рушди минтақаҳои наздисарҳадиро якҷо бо ҳайатҳои расмии вилояти Фарғона ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ хоҳад кард.

Дар ин сафар роҳбари вилоятро раисони навоҳии наздисарҳадӣ, масъулини соҳаҳои дахлдор ҳамроҳӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд