ПРОТОКОЛИ БОЗПУРСӢ Институти таърихи ҳизб дар назди КМ ҲК(б) Узбекистон, захираи 68, рӯйхати 1, парвандаи 50, варақҳои 69-71

0
204

Кўҳан диёро, диёри ёро…

Бо мурури замон оиди диёри куҳанбунёдамон-Кӯҳистони Масчо делелу бурҳони тоза ба тоза дастрас шудан доранд. Пажӯҳишгари ҷавон, унвонҷӯйи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ Абдумавлон Одинаев, ки ба таърихи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардан дорад, чанде пеш санадеро аз бойгонӣ дарёфт намуд, ки ба ҳаводиси солҳои аввали инқилоби октябр дар Кӯҳистони Масчоҳ ва муқовимати бобоёнамон ба болшевикони рус то ҳадде рушанӣ меандозад. Санадро айнан ба Шумо хонандагони арҷманд манзӯр намуда, мулоҳизаҳоятонро пиромуни он интизор мешавем.

ШАРҲИ МУТАРҶИМ
Чанд сол пештар омӯзгори факултаи таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ Абдумавлон Одинаев барои ҷамъоварии маводу адабиёти илмӣ ба шаҳри Тошканд сафари хидматӣ дошт. Ҳангоми мусофират аз Бойгонии Марказии Ӯзбекистон дар баробари дигар адабиёту ҳуҷҷатҳо доир ба таърихи асри 19 ва ибтидои асри 20 водии Зарафшон ва аз ҷумла Мастчоҳ, дастрас намуд.
Дар байни адабиёту маводҳои бозёфтшуда ба “Протокол допроса” ном ҳуҷҷате вохӯрдам. Санади мазкур барои равшан намудани таърихи ибтидои асри 20 Мастчоҳ хеле муҳим аст. Тарҷума ва дастрас намудани он ба ҷӯяндагони таърихи ин ноҳияи куҳанбунёд, барои дар оянда омӯхтан ва таҳия намудани осори таърихии ноҳия, муаллимони таърих ва дар умум, барои тамоми шавқмандони ин соҳа муҳим аст.
Ҳангоми баргардонии матни русии санади мазкур ба забони тоҷикӣ кӯшиш шудааст, ки услуби банду басти ҷумлаю ибороти он риоя карда шавад. Дар матни асл шакли баъзе калимаҳо равшан нест ва калимаҳои ноаниқ ва нохоно аз рӯи маънии умумии ҷумла муайян шудаанд.
Дар матн баъзе номҳо ва ҳодисаҳо ба шарҳу тавзеҳ эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ лозим дониста мешавад, ки дар бораи онҳо ба хонандаи арҷманд маълумот дода шавад.
Дар матни баёноти ҷангалбони рус ба масъулони ҳамонвақтаи уезди Уротеппа номи ду нафар сокинони деҳаи Мадрушкат рафтааст, ки яке Муллобадеъ ва дигаре Муллосироҷуддин мебошанд. Дар натиҷаи суҳбату пурсишҳо аз муаллимони собиқадор Файзулло Холов ва Аҳрорхӯҷа Камолиддинов маълум шуд, ки Муллосироҷуддин писари қозӣ Исматуллои мадрушкатӣ шахси таҳсилкардаи мадраса, донандаи забони русӣ низ будааст.Ва минбаъд дар замони барқароршавии ҳукумати Шӯравӣ дар Мастчоҳ хизматҳои босазо намуда, дар байн русҳо ва сокинони маҳаллӣ вазифаи тарҷумониро иҷро мекардааст. Вале,мутаассифона, дар ибтидои солҳои сиюм дар замони репрессияҳои сталинӣ мисли садҳо нафар фарзандони соҳибмаърифати ин ноҳия ба рӯйхати сиёҳ дохил шуда, ба қатл маҳкум мешавад. Пеш аз иҷрои ин ҳукми ноодилона зани воломақоми рус дилбохтаи ин ҷавони зебои кӯҳистонӣ мешавад ва ба шарти издивоҷ ба ӯ таклифи озодӣ мекунад. Муллосироҷиддин, ки шахси таҳсилкарда, огоҳ ва дурандеш буд, бо ин зани дилбохта аввалан ба Туркия ва баъдан ба Олмон мегурезад, ки ин худ як достони аҷибу ғариб аст. Имрӯз Асрорхӯҷа, Аҳрорхӯҷаи Камолиддиниҳо Олимхон Исматӣ ва дигарон аз парбехаҳои ин дудмони шариф ба ҳисоб мераванд.
Муллобадеъ ҳам, ки зикри хайри эшон дар ин санад рафтааст, мувофиқи ёддоштҳои падарам (дар синни 108-солагӣ соли 2019 вафот карданд) ва дигар сокинони солхӯрдаи Мастчоҳ шахси мадрасахатмкарда, соҳибмаърифат, инсондӯст ва хайрхоҳ будаанд. Писари калониашон Маликсаид солҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба муаллимӣ ва корҳои роҳбарӣ машғул буда, алҳол дар қайди ҳаёт нестанд. Фарзанди дигари эшон низ шахси соҳибмаълумот (агроном) буданд ва дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Мадрушкати Кӯҳистони Мастчоҳ хоҷагии Мадрушкатро роҳбарӣ мекардаанд.
Шахси дигар—Эргаш, яке аз саркардаҳои ҳаракати босмачигарии водии Фарғона буда, баъди фишору тазйиқҳои ҳукумати Шӯравӣ, мувофиқи баёноти Тихон Фёдоров, бо таклифи Муллопартоби Палдоракӣ бо 800 аскар ба Мастчоҳ меояд, то ки якҷоя бо мастчоҳиён бар зидди болшевикон мубориза баранд. Мувофиқи шаҳодати қиблагоҳӣ ва шахси дигари таърихдони Мастчоҳ, Муҳаммадшукур ( падари нависанда Мирзо Шукурзода) ин ғоратгар барои хӯрондани лашкари 800 нафарааш ба Султонбек – мири ҳамонвақтаи Мастчоҳ таклифи тохтутоз ба Уротеппаро менамояд. Вале Султонбек аз ин таклифи Эргаш сарпечӣ мекунад ва худаш аз Мастчоҳ одам ҷамъ карда, як қатор деҳаҳои Фалғарро талаву тороҷ мекунад.
Шарҳу тавзеҳоте дар бораи “ҷангалбонон” ё тоғбегиёни рус,ки дар якчанд деҳаҳои Мастчоҳ зиндагӣ мекарданд, барои хонанда зарур аст. Пас аз ба Россия ҳамроҳ кардани Самарқанд ва болооби Зарафшон, аз ҷумла Мастчоҳ, дар солҳои 70- уми асри 19 ҳукумати подшоҳии Рус гумоштагони худро дар деҳаҳои ин водӣ бо номи “нозири ҷангал” мегузорад.Вале аслан онҳо сиёсати Руссияро дар ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон амалӣ мекарданд ва гӯшу чашми шоҳигарии ҳукумати подшоҳӣ буданд.
Дар бораи оқибати ин эъзомия,ки зикраш дар ин ҳуҷҷат нарафтааст, солхӯрдагон ривоят мекунанд, ки 20 нафар наҷотёфтагони Андари Ҷиндон аз тарафи таъқибкунандагон дар деҳаи Ревомутк ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида мешаванд. Тафсилоти ин ҳодиса доманадор ва мавзӯи дигар буда, шояд рӯзнома имкони ғунҷоиш ва баёни онро надошта бошад. Баъзе лаҳзаҳои ин фоҷеаи хунин (қатли оилаи ҷангалбони Ревомутк) дар ҳикояи воқеии нависанда ва шоири чирадаст Абдумалик Зуҳурӣ бо номи ”Валлоҷу Валка” ёдоварӣ шуда, дар рӯзномаҳо нашр шудааст.
Нависандаи баёнот, ки аз ҷавонмардӣ ва инсондӯстии мардуми Мастчоҳ, дар симои мадрушкатиён огоҳ ва хайрхоҳи воқеии ин марзу бум ва мардумонаш буд, дар охир иброз медорад, ки бояд ҳукумати Шӯравӣ бо Мастчоҳ алоқаҳои иқтисодӣ барқарор кунад ва ба сокинони он имкон диҳад, ки ба Уротеппа омада маводи даркории рӯзгорашонро харида баранд. Ин ҳодиса ба он ишорат мекунад, ки он солҳо Мастчоҳ ба муҳосираи иқтисодӣ гирифта шуда буд ва сокинони он имкони ба Уротеппа ва дигар шаҳрҳо рафтан надоштанд, роҳи ягонаи кӯҳистони Мастчоҳ – ағбаи Оббурдон аз ҷониби ҳукумати Шӯравӣ посбонӣ карда мешуд. Бо ин кор давлати Шӯравӣ ба Мастчоҳ фишор оварда, мехост, ки дар ин ноҳия норозигии мардумро барангехта, барои забти ояндаи он замина муҳайё намояд.

ПРОТОКОЛИ БОЗПУРСӢ
Институти таърихи ҳизб дар назди КМ ҲК(б) Узбекистон, захираи 68, рӯйхати 1, парвандаи 50, варақҳои 69-71

27-уми августи соли 1919 судяи халқии доимии участкаи дуюми ш. Уротеппа, уезди Хуҷанд Владимиров бинобар супориши Кумиҷроияи Шӯроҳои Уротеппа аз 25 август таҳти рақами № 2704 бо иштироки Раиси Кумиҷроияи Уротеппа Уматқулов ва аъзои Кумиҷроия Ножкин ҷангалбони минтақавии Мадрушкат Фёдоров Тихонро бозпурсӣ намуд.
16 ноябри соли гузашта ( 1918), нисфирӯзӣ аз Уротеппа ба деҳаи Мадрушкат отряди аскарон таҳти роҳбарии комиссари ҳарбӣ Хохлов бо роҳбаладии Балаба ( ҳамчун военкоми волости Мастчоҳ) ва дигар саркардаҳо омада расиданд. Отряд дар Мадрушкат дер наистод, аспҳояшонро сер карда, баъзе аспҳоро иваз намуда, баъдан ба самти боло ба Деҳманора роҳӣ шуд.Аз гуфтаи Балаба, маълумам шуд, ки мақсади отряди мазкур ором кардани норизоияти мардум будааст.Дар ин мавзӯъ бо Балаба ва Хохлов суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳат додам, ки бе тайёрии лозима бо отряд ба болои Мастчоҳ баромадан салоҳ нест. Ман ҳаминро далел овардам, ки масчоҳиён мардуми хеле дағал ва нотарсанд, эҳтимолан, хабари омадани болшевикон онҳоро ба шӯр овардааст, аз ин рӯ ҳаддалимкон эҳтиёткор будан лозим аст. Рафиқ Хохлов ба далелҳои овардаи ман розӣ нашуд. Ӯ ба ман гуфт, ки ба қадри кофӣ силоҳу тир дорем, вазифаи ман ба Деҳманора баромадан, дастгир кардани саркардаҳо, ситондани аспҳову контрибутсия (андози маҷбурие, ки аз сарзамини мағлубшуда гирифта мешавад) аз бойҳову сарварон барои ҷуброни хароҷотҳои отряд аст. Ба отряд маро таклиф накарданд. Ман низ барои қабул карданам ба отряд ва ба боло баромадан исрор накардам.
Баъди гузашти муддате мардуми деҳаи мо ҷамъ шуда, байни ҳам бо шӯру ғавғо дар гуфтугӯ шуданд. Аз гуфтугӯи мардум фаҳмидам, ки отряди мо дар Андари Ҷиндон, 8 верст болотар аз мо, ба шикасти сахт мувоҷеҳ шуда, боқимондаи болшевиконро анбуҳи калони мусулмонон ба самти поёноб дунболагирӣ мекунанд.
Ҳақиқатан, баъди замоне ба деҳаи мо, Мадрушкат, тӯдаи азими мардуми башӯромадаи мусаллаҳ бо силоҳу яроқҳои маҳаллии гуногун зада даромаданд. Мусулмонони обрӯманди (ин калима дар матн хоно набуда, бо тақозои маънии ҷумла обрӯманд оварда шуд) деҳаи мо ба ман маслиҳат доданд, ки барои эҳтиёт дар ягон ҷо пинҳон шавам. Ману ҳамсарам миқдоре аз колоҳоямонро гирифта, ба хонаи мулло Сироҷуддин паноҳ бурдем. Дар хонаи мулло Сироҷуддин худи ҳамон рӯз фаҳмидам, ки хонаи ман ( қаровулхона) аз ҷониби шӯришгарони омада вайрон карда шуда, чизу чораамро талаву тороҷ кардаанд.
Як моҳи тамом дар хонаи мулло Сироҷуддин зиндагӣ кардам ва дар ин муддат сахт эҳтиёт мекардам,ки ба чашми сортҳои ( русҳо мардумони бумӣ, махсусан, тоҷиконро чунин ном мебурданд) Мадрушкат наафтам, то ки ба мири навинтихобкардаашон Султонбек хабар надиҳанд. Аз хонаи мулло Сироҷуддин ба хонаи Муллобадеъ кӯчида, як моҳи дигар дар он ҷо зиндагӣ кардам. Бо гузашти ин як моҳ мадрушкатиҳо салоҳи корро дар он диданд, ки маро пинҳонӣ аз мир ба воситаи ағбаи Оббурдон гурезонанд, аз ин сабаб ба ман маслиҳат доданд, ки барои ҳамсарам аспи дигареро харам ва ман ба маблағи 1500 рубл ин корро анҷом додам. Ману ҳамсарам шабона аз Мадрушкат баромада, субҳидам ба таги ағбаи деҳаи Вешаб расидем.Дар ин вақт мир Султонбек ва Тӯрабеки палдоракӣ дар Вешаб қарор доштаанд. Тӯрабеку аскаронаш моро дастгир карда кофтуков намуданд. Пулҳоямро,ки, тахминан, 2300 рубл буданд гирифтанд ва худамонро ба назди Султонбек оварданд. Султонбек амр намуд, ки моро пои пиёда ба Водиф баранд. Дар ин деҳа мо маҷбур будем, ки 20 рӯз зиндагӣ кунем. Баъд аз мир фармон расид, ки деҳаҳои Масчоҳ моро бо навбат аз ҳисоби худашон меҳмонӣ кунанд ( яъне,ба расми роиҷи мастчоҳиён “қӯш гиранд”-О.Н. ).
Бо ҳамин, мо маҷбур будем, ки тамоми зимистон аз деҳа ба деҳае кӯчида,дар ҳар деҳа 20рӯз монем ва танҳо ду моҳи охир баъди омадани Эргаш ба Мастчоҳ пинҳонӣ ба Мадрушкат фаромада, бо ҳамсарам дар ин ҷо зиндагӣ кардем. Ман ба мусулмонони деҳаҳои боло эътимод надоштам ва метарсидам, ки дар охир онҳо моро мекушанд. Аммо ба мадрушкатиҳои худамон боварӣ доштам. Мадрушкатиҳо маро эҳтиром мекарданд ва мувофиқи имконияташон ба ману ҳамсарам дасти марҳамат медоштанд.
Баъдан борҳо одамоне аз Мастчоҳи Боло омада, супурдани моро талаб карданд, вале мадрушкатиҳо ману ҳамсарамро руст карда, ба онҳо мегуфтанд, ки мо гурехтаем.
Мо аз ҷониби мадрушкатиҳо ягон фишору шиканҷае надидаем.Танҳо дар Водиф моро нағз намехӯронданд. Мо дар он ҷо дар давоми 20 рӯз хӯроки гармро надидем. Дар вақтҳои охир дар Мадрушкат низ хӯрду хӯрокамон хуб набуд. Чунки захираи хӯрокаи мусулмонони ин деҳа ҳам дар арафаи тамомшавӣ буд. Ман машғулияте надоштам, аммо дар мавриди дар кӯчаҳо баромадану гаштан хеле эҳтиёткорӣ мекардам ва аз тарси кушта нашудан бе одамони маъруфи Мадрушкат ба ҷое намерафтам.Наҷот ёфтани маро сабаб он буд, ки дар замони зиндагиям дар Мадрушкат ба ҳеҷ кас бадӣ накарда будам ва аз замони дар хонаи Муллобадеъ зистанам, аз рӯи маслиҳати хайрхоҳонам ба масҷид ба намоз мерафтам.
Ин авзоъро мардум ҳамчун мусулмон шудани ман қабул карданд.Маро барои қабул кардани мусулмонӣ маҷбур ҳам накарда буданд,сабаби дар Масчоҳ монондани мо хавфи саркардаҳо буд, ки бо расидани ман ба Уротеппа дар бораи ваҳшиёнати мастчоҳиён нисбати отряд,ки саросар ҷасадҳо пора-пора карда шуда буданд, маълумот медиҳам. Чуноне ки баъдан фаҳмидам, махсусан, нисбати ҳамсару фарзандони Балаба, ба зорию илтиҷо ва таҳдидҳояшон,ки болшевикҳо омада интиқомашонро мегиранд, нигоҳ накарда, ваҳшонияту бераҳмиҳо раво дида буданд. Худи ман ба гурехтан ҷуръат намекардам. Аз ин сабаб лозим меомад, ки ба муҳтоҷиву хунукӣ ва ғайра тоқат мекардам.
Дар вақтҳои охир барои ноне даравгарӣ мекардам. Мусулмонон ба ман бовар доштанд ва ахборотҳою варақҳои хусусияти ҳарбӣ оид ба фармоишоти дастаҳои ба Мастчоҳ омадаро, ки зоҳиран, ҷосусҳо меоварданд, барояшон хонда тарҷума мекардам. Хатчае дар хотирам мондааст, ки онро рафиқ Корчугин навиштааст.Лекин муҳтавои ҳамаи он муросилот дар ёдам намондааст.
Ҳангоми дар Мастчоҳ будани Эргаш писарбачаҳо хабар кашидаанд, ки дар деҳа ду рус истиқомат доранд. Моро пайдо карда, бозҷӯӣ намуда, ба мастчоҳиён гуфтанд, ки моро ҷавоб диҳанд. Чанд муддат моро мастчоҳиён аз шарри одамони Эргаш наҷот доданд ва мо маҷбур будем, ки 15 рӯз дар тагобаҳо зиндагӣ кунем. Тақдири ҷангалбони ( “тоғбегӣ”- дар Мастчоҳ гумоштаҳои Россияи подшоҳӣ чунин номида мешуданд-О.Н.) дигар, Рязанов айнан мисли ману ҳамсарам буд.
Ӯ дар деҳаи Роғ зиндагӣ мекард ва авзою шароиташ низ айнан мисли ман буд. Ман гоҳо бо вай вомехӯрдам ва баъзан ӯ ба наздам меомад. Дар охир фармони мир омад, ки ману ҳамсарамро ба Оббурдон фароранд, мадрушкатиҳо ба ман фаҳмонданд,ки мир бо ин кораш, шояд, моро ҷавоб диҳад ва куштанаш низ аз эҳтимол дур нест,аз ин рӯ онҳо таваккаул намуда, моро то деҳаи Андарақ ҳамроҳӣ карданд. Аз он ҷо ману ҳамсарам бе мамонеа ба самти Хуҷанд ва аз он ҷо ба Уротеппа роҳ пеш гирифтем. Роҳ бениҳоят душвор буд. Мо тамоман хӯрокворие надоштем ва хавфи дигар рамаи хукҳои ёбоӣ буд, ки дар кӯҳистон хеле бисёр буданд. Тақдири минбаъдаи Рязанов барои ман маълум нест, аммо ман гумон дорам, ки агар мир ӯро озод карда бошад, бояд дар Уротеппа мешуд, аммо алҳол аз вай дараке нест.
Ба фикри ман, шӯриши масчоҳиёнро сабаб ин буд, ки баъзе намояндагони Ҳукумати Шӯравӣ, масалан, Исо Алинбоев ва Балаба нисбати онҳо беадолатӣ мекарданд, махсусан Исо мардуми маҳаллиро тороҷ мекард. Балаба дар масъалаи ситондану ҷобаҷокунии маҳсулот дар анбор, фурӯши мануфактура, чой ва дигар маводҳо, махсусан аз камбағалон аз ҳад мегузаронд. Чунин рафтори ин ашхос дар зеҳни мардуми Мастчоҳ болшевиконро ҳамчун шахсони ғоратгар нишон медод ва аз ҳамин сабаб деҳаҳои боло қарор додаанд,ки бо кадом роҳе ки набошад, болшевиконро ба ин мулк роҳ надиҳанд…Балаба ,албатта, авзоъро ба хубӣ медонист ва ман намедонам,ки дар чунин шароит чаро ӯ аз Уротеппа отрядро дархост намуд, дар сурате ки ба анборҳои маҳсулот ягон хатаре таҳдид наменамуд. Ғайр аз ин, танҳо якчанд деҳаҳои боло аз додани ғалла саркашӣ карда буданд. Боз як чизи дигар тааҷҷубовар аст, ки ӯ ба хубӣ медонист, ки дар деҳаҳои боло авзоъ ноором аст, лекин ба посбонии анбори Ревомутк иктифо накарда, бе ягон эҳтиёткорӣ барои рафтан ба деҳаҳои боло исрор намуд. Ин иқдоми беэҳтиётона ба он оварда расонд, ки тамоми отряд ба ҷои даркорияш норасида, дар нимароҳ несту нобуд карда шуд.
Балаба медонист, ки дар деҳаҳои боло аслиҳаҳои истеҳсоли маҳаллӣ бисёр аст, инро ба назар гирифта, бояд сахт эҳтиёткорӣ менамуд. Ба фикри ман, агар отряд ба Мастчоҳи Боло намерафт, шӯриш ҳам ба вуҷуд намеомад. Балаба, умуман, худро дар Мастчоҳ ҳамчун одами бад муаррифӣ намуд, ӯ ҳеҷ гоҳ бо мусулмонон созиш намекард. Ин аз он маълум мешавад, ки шӯришгарон дар паи дастгир карданаш буданд. Ҳатто ба ҷои ӯ иштибоҳан Газарови арманиро куштанд, ки монанди ӯ буд. Аз ҳамин сабаб аҳли оилаи ӯро ваҳшиёна нобуд карданд.
Дар ин кор ҳамсари марҳуми ӯ низ то андозае гунаҳгор буд, чунки ба корҳои шавҳараш дахолат мекард.. Дар бораи Сеславил ҳаминро гуфта метавонам, ки ӯ ҳамагӣ дар Мастчоҳ се рӯз истод, мардум нисбаташ шикоят надоштанд, ваъда дода буд,ки дубора бармегардад ва ба мардуми маҳаллӣ моҳияти давлати Шӯравиро мефаҳмонад.
Баъди воқеаи нохуши 16 ноябри ( с.1918 ) соли гузашта мардуми Мастчоҳ Султонбеки палдоракиро мир интихоб намуданд. Султонбеки мазкур пас аз интихоб шуданаш зуд аскар ҷамъ кард. Посгоҳҳо, махсусан дар ағбаи Оббурдон, ташкил карда, ҳукмронии Мастчоҳро ба даст гирифт ва мардумро тороҷ намуд. Тамоми мардуми деҳаҳои поён аз вай норозианд ва танҳо аз тарс ва аз гумони нодурусти тохтутози болшевикон ӯро итоат мекунанд.
Дар замони дар Мастчоҳ будани Эргаш бо дастаи 800 нафарааш аҳолии он ҷоро тала намуд. Аҳолӣ аз ӯ сахт норозӣ буд ва баъди як моҳи истодан Султонбек аз вай хоҳиш намуд, ки Мастчоҳро тарк кунад, баъди ин дархост ӯ Мастчоҳро тарк кард. Онҳо вақти рафтан аз Палдорак 50 нафар одам ва худи Султонбекро бурданд ва доир ба тақдири Султонбек мардум чизе намедонанд.Баъди рафтани Султонбек мардум мири нав интихоб карданд, ки ман ӯро надидаам ва номашро низ намедонам. Эргашро Муллопартоб ба Мастчоҳ даъват карда буд, то ки якҷоя бар зидди болшевикон мубориза баранд.Эргаш ба Султонбек таклиф карда буд, ки ба Уротеппа тохтутоз кунанд,вале ин таклифи ӯро Султонбек қабул накарда мунтазири сулҳ бо ҳукумати Шӯравӣ буд.Барои ҳамин кораш Султонбек аз ҷониби Эргаш асир гирифта шуд. Дар Мастчоҳ Эргаш як моҳ аспҳояшро дам дод ва баъзеяшонро иваз кард.
Отряди Осипов аз Мастчоҳ зуд рафт, онҳо танҳо дар Оббурдон шаббош истоданд. Мастчоҳиён аз онҳо розӣ буданд, чунки барои хароҷотҳояшон ба мардум пули калони николайӣ ва тилло дода буданд. Аз Оббурдон Осипов ба самти Фалғар ҳаракат карда, ба Амударё расид, то ки аз он ҷо ба воситаи Чорҷӯй ба фронти Ашхобод равад.
Ба фикри ман, сарфи назар аз адовати мастчоҳиён ба давлати Шӯравӣ, бо онҳо бояд муносибатҳои иқтисодӣ барқарор кунем ва ба онҳо иҷозат диҳем, ки аз Уротеппа равған ва пахта харанд, ки дар Мастчоҳ ин чизҳо вуҷуд надоранд. Инчунин мануфактура, гӯгирд ва дигар молҳои мавриди аввалия мавҷуд нестанд.Камбағалони мастчоҳӣ азоби сахт доранд. Агар бо онҳо муносибатҳои сулҳомез барқарор ва тарғиботи даркорӣ бурда шавад, агар онҳо донанд, ки болшевикон ғоратгар нестанд ва ҳомии камбағалонанд, худашон мирро барканор мекунанд. Мастчоҳ ба мо ғулинги фаровон дода метавонад. Инчунин макони чорвои фаровон низ ҳаст.Бухоро бар болои Мастчоҳ ҳеҷ нуфузе надорад.Мастчоҳ танҳо бо Қаротегин робитаи тиҷоратӣ дорад, ки бо пули ноколайӣ амалӣ мешавад.Ман кафил мешавам ва бо ҳамроҳии ашхоси маҳаллӣ, ки дар Масчоҳ нуфузу обрӯ доранд, ба он ҷо рафта, бо онҳо дар масъалаи муносибатҳои иқтисодӣ гуфтушунид мекунам ва кафил мешавам, ки онҳо ба мо зараре намерасонанд.
Тихон Трифонович Фёдоров.
Екатерина Спиридоновна Фёдорова, ҳамсари ҷангалбон.

Мутарҷим
Одинаев Назар

Эзоҳ: Ҳуҷҷати мазкур дар бойгонии Институти таърихи назди КМ ҲК (б) Узбекистон маҳфуз буда, барои таҳқиқу омӯзиши таърихи асри гузаштаи Мастчоҳ ва умуман Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.Ҳангоми тарҷумаи ин санад кӯшиш шудааст, ки услуб, бандубасти ҷумлаю ибораҳо риоя шавад. Дар матн шакли баъзе калимаҳо аниқу равшан нест ва калимаҳои нодуруст ё нохоно аз рӯи маънии умумии ҷумлаҳо муайян карда шудааст.

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here