ПАЁМ – РАҲНАМОЕ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН. Дар Кӯҳистони Мастчоҳ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид

0
91

Дирӯз, санаи 3 феврали соли 2021 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ вохўрии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурўҳи тарғиботию ташвиқотии МИҲД-и вилояти Суғд оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, баргузор шуд.

Дар ин вохўри аъзои Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ Шукурзода Мурод Ҷўра, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нуров, директори китобхонаи вилояти ба номи “Тошхоҷаи Асирӣ” Мирсаидов Баҳром, устоди Донишгоҳи давлати Хуҷанд Раҷабов Боҳирҷон ва масъулину фаъолони ноҳия ширкат доштанд.
Нахуст Шукурзода Мурод Ҷўра доир ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр кард ки “Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии миллатро аз ҳама муҳимтар шуморида дар соли 2020 маблағҳои заруриро ба соҳаи тандурустӣ равона намуданд. Хушбахтона, дар моҳи январ ин бемории ҳамагир -коронавирус дар Тоҷикистон паси сар шуд, аммо новобаста аз ин мо бояд нисбати солимии худ ва атрофангиён бетараф набошем.
Мавсуф таъкид кард, ки новобаста аз чунин мушкилоти ба амал омада, давоми сол дар Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром идома хоҳанд дошт.Сипас доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нуров дар бораи рушду шукуфоии кишвар дар давоми 30-соли Истиқлолият сухан ронда, иброз дошт, ки дар асоси сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати начандон тўлонӣ Тоҷикистон ба як кишвари ободу пешрафта табдил ёфтааст.
“Дар сиёсати худ Роҳбари давлат соҳаи маорифро аз зумраи соҳаҳои афзалиятнок шумурда, баҳри пешрафти илму маориф пайваста дастгириву ғамхорӣ менамоянд. Дар баробари ин Пешвои миллат, дар арсаи байналмилалӣ масъалаҳои муҳимеро матраҳ мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу тадбири он ниёз дорад. Илова бар ин расму оин ва ҷашну маросимҳои миллиро аз нав эҳё ва миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд, ки ин ҳама тадбирҳо обрўи кишвари азизи моро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштааст”,- баён дошт дар идомаи суханронӣ доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нуров.
Ҳаминтариқ дар вохўри меҳмонон бо навбат оиди муҳтавои Паёми Президент баромад намуда, баён доштанд, ки Паём бояд барои ҳар як масъул ва шахси соҳибхирад дастури рӣимизӣ бошад ва аз рўи он амал намояд.
Таъкид гардид, ки дар Паёми Президент тамоми нақшаву тадбирҳои созанда барои кишвари азизамон зикр шудааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар асоси амру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти мардум, ба хусус ҷалби ҷавонону сокинон ба китобхонӣ озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ”-ро роҳандозӣ гардидааст, ки соли дуюм аст ин озмун дар саросари кишвар доир мешавад ва беҳтаринҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки давоми ду соли охир дар ин озмун як нафар зодаи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Иморуддинов Сарфарозиддин иштирок намуда, дар ҳар ду давраи ин озмун соҳиби мақоми аввал гардидааст.
Дар ин вохўри ҳамчунин ба масъалаи рушди соҳаи саноат ва кишоварзӣ низ таваҷҷуҳ гардида таъкид шуд, ки баҳри саноатикунонии мамлакат дар саросари кишвар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудааст.
Зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии аҳолии мамлакат, ба хусус кишоварзон соли ҷорӣ деҳқонон аз пардохти андози ягона озод карда шуданд.
Дар охир таъкид карда шуд, ки оид ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандўстӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, дар амал татбиқ намудани дастуру вазифагузориҳои Президенти кишвар, ки дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, тадбирҳои зарурӣ андеши шавад.

Саидвоҳиди Қосим