Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон

0
1

Ҳамасола 1-уми июн дар саросари кишвари азизу маҳбубамон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кӯдакону наврасонро ба рӯзи идашон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои оламро орзу дорам. Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад. Бо ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Ҳадаф аз таҷлили ин ҷашн пеш аз ҳама, ҷалби аҳли башар баҳри ҳалли муаммоҳои кӯдакон, ғамхорї нисбати онҳо, муҳайё намудани шароити мувофиқи зиндагӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таълиму тарбия мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки: «Тарбияи насли навраси солим ва дорои рӯҳияи қавию неруи созанда вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва аҳли ҷомеа мебошад». Аввалин маротиба дар Конгресси байналхалқии демократии федератсияи бонувон соли 1949 1-уми июн ҳамчун иди байналхалқии ҳифзи кӯдакон эълон гардид, ки минбаъд ин санаро дар кишварҳои мухталиф бахусус дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо тарзу усули гуногун ҷашн мегиранд.

Санаи 1 — уми июн шодиву фараҳи кӯдаконро ҳадду канор нест, зеро дар ин рӯзҳои наздик онҳо ба таътили тобистона мебароянд ва дар муддати 3 моҳ ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар кишвари мо чораҳои судманд амалӣ шуда, барои беҳдошти ҳаёти кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Ҳар сол дар арафаи ҷашнҳои таърихӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ятимони кулл ёрии яквақтаи моддӣ расонида мешавад. Арзишҳои бойи фарҳангию таърихии миллати тоҷик дар тўли ҳазорсолаҳо аз ҷониби аҷдодони мо офарида шудаанд, пояи устувори боэътимодест, ки ба ташаккули ҳаёт ва таълиму тарбияи кӯдакон мусоидат мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон ва аҳли ҷомеаро вазифадор намудааст, ки бобати фароҳам овардани шароити арзанда барои ташаккули ақлию зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон бештар масъулиятшинос бошанд ва кӯдаконро дар рӯҳияи дўстории Ватан тарбия намоянд. Дар охир кулли кӯдакону наврасони ноҳияро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак самимона табрику таҳният гуфта, орзу дорам, ки ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд бошанд, шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб, арзандаи миллат ва номбардори Ватани хеш гарданд.

Бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак муборак!