Паёми табрикии раиси Суд ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода ба муносибати Рӯзи кормандони адлия ва суд

0
270

Ҳамкасбони гиромӣ!
Ҳама сола дар кишвари азизамон Тоҷикистон санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони адлия ва суд ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ба иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрику таҳният намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоем.
Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа сол то сол таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, волоияти қонун таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳама сола шароити кормандони суд дар шаҳру навоҳии кишвар беҳтар гардида истодааст. Моҳи августи соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд, ки ин шароити муҳайёгардида кормандони суди ноҳияро ба ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб намуд.
Дар воқеъ татбиқи адолати судӣ, ки аз тариқи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, созмону муссисаҳо, қонунияту адолат сурат мегирад, маҳз аз ҷониби мақомоти судӣ амалӣ мегардад.
Бинобар ин, бо чунин таманниёти нек умед дорам, ки, ҳамкасбони гиромӣ, дар амалӣ намудани адолати судӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро менамоянд.
Бори дигар иди касбӣ муборак, ҳамкасбони гиромӣ!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here