Паёми табрикии раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2021

0
170

Ҳамдиёрони азиз!
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми сокинони шарифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо фарорасии соли нави мелодии 2021 самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо тансиҳативу хонаободӣ ва комёбиҳои беназирро орзумандем! Бигзор соли нав соли накую хуҷаста ба ҳар як хонадон бошад.
Сокинони сарбаланди ноҳия баҳри дастгирӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободкориву созандагии ватани азизу маҳбуб ва биҳиштосоямон дар соли равон иҷрои нақшаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияро хуб ба роҳ монда омаданд. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии ватани азизу маҳбубамон ва шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ватани азазмон намуда, дар соли 2020 баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар фазои созанда ва барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашида омаданд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки ҷараёни вусъати корҳои ободкорию созандагӣ бахшида ба истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади иҷрои вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия тадбирҳои ҳамешагӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Сокинони ноҳия соли 2020-ро, бовуҷуди он ки бемории нави коронавирус ба рушду пешравии баъзе аз соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ монеаҳо овард, бо дастовардҳои назаррас пас сар намуданд. Дар ин сол сокинони заҳматкаши мо дар соҳаи кишварзӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Ҳамчунин дар ин сол дар ноҳия ба бунёди баъзе аз муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои нави тиббӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ санги асоси гузошта шуда, баъзеи дигар аз ин гуна иншоотҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давоми соли равон чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии ҷашни умумимиллиамон ҳамаи чораҳоро роҳандозӣ менамояд.
Боварии комил дорам, ки мардуми ноҳия дар соли нави мелодӣ дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ноил хоҳанд гардид.
Бори дигар соли наватон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here