Паёми табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати рӯзи милитсияи тоҷик

0
59

Ҳамдиёрони азиз!
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод намуда, ба ҳар як нафар ҳайати шахсии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия барору комёбӣ, осоиш, рӯзгори хушу босаодатро орзӯ менамоям!
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, сохтори мақомоти корҳои дохили фаъолияташро дар асоси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои ҷомеаву давлат, мубориза алайҳи ҷинояткориву қонуншиканиҳо, ошкорсозиву баррасии онҳо, муборизаи қатъӣ бар зидди ҷиноятҳои хатарноки муосир муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ равона намуда омада истодааст.
Таърихи милитсияи тоҷик мисоли равшани кӯшишу талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҳифзи амнияту осудагии мардум, пойдории сулҳу суботи кишвар, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошад.
Кормандони милитсия дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.
Дар роҳи мубориза бар зидди гурӯҳҳои силоҳбадаст ва хиёнаткору ҷиноятпеша душманони халқу давлат даҳҳо нафар қурбон шуданд.
Баҳри барқарорсозӣ, мустаҳкам намудани сохти констутсионӣ ва пояҳои давлатдории демократии имрӯза ҷон нисор намуданд, ки номи неки онҳо дар хотири мардум абадӣ нақш бастааст.
Шуҷоату далерии ҳар яки ин родмардон дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва устувор гардонидани субботу осоиш ва оромии ҷомеа намунаи олии садоқату матонат нисбат ба давлату миллат ва Ватан арзёбӣ мегардад.
Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва Ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории Шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».
Айёми ҷашн, лаҳзаи муносибест барои арҷгузорӣ аз хизматҳои собиқадорони милитсия, ки тамоми умри худро барои ҳифзи осоиштагии мардум сарф намудаанд. Мо набояд хизматҳои онҳоро фаромӯш созем.
Хушбахт аз он ҳастем, ки собиқадорони милитсия дар сафи пеши дигаргунсозиҳои ҷомеа қарор доранд ва дидаи бедору дили беқарори худро ба тарбияи шогирдон мебахшанд. Мо бояд ин мавқеъро қадр намоем ва бо онҳо бошем.
Имрӯз бар души кормандони милитсия вазифаи басо пурмасъулият – муборизаи беамон алайҳи ҳама гунна ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуби ҳаёти ҷомеа, ҳифзи моликияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун гузошта шудааст.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ – терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир, аҳамияти хоса пайдо кардааст. Мутаассифона, кишвари мо низ аз таҳдиди ин хатарҳо дар канор нест.
Кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба касбу кори худ содиқу вафодор буда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандонро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳи аълотару авлотар медонанд.
Онҳо доим дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқ вайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор доранд. Бояд ҳамеша чунин бошад, зеро мардум дар симои Шумо ҳимоятгарони худро мебинанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирии сохторҳоеро, ки оромии мардум ва амнияти кишварро таъмин менамоянд, самти афзалият ноки фаъолияти худ медонад. Дар ин ҷода ғамхорӣ нисбати кормандони мақомот, ки ҳамеша бо мардум ва дар ҳифзи манфиатҳои халқу давлат ҳастанд, аҳамияти хосса пайдо мекунад. Мо тасмим гирифтаем ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандони милитсия ва беҳбудии ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.
Фаъолияти милитсия чӣ хеле, ки дар боло қайд намудам ба ҳифзи манфиатҳои ҷомеаву давлат, тартибот ва суботи ҷомеа, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткориву қонун шиканиҳо, ҳимояи ҳаёту амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ошкор намудани ҷиноятҳо ва тафтишоти онҳо, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва таблиғоти донишҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
Бо назардошти хизматҳои шоиста махсусан, барои шуҷоату мардонагӣ ва содиқона иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ таи солҳои соҳибистиқлолӣ бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафаркор мандони милитсия бо ордену медал ва рутбаҳои гуногуни ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Дар иҷрои бо сифат ва софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як корманди милитсия дар назди давлат ва миллати худ бояд масъулияти олиро эҳсос намояд.
Итминони комил дорам, ки Шумо бо дарки масъулияти баланд, ҳиссии фтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат иҷрои вазифаҳои худро сарбаландона адо менамоед.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шумо – кормандони милитсия наздикон ва аъзои оилаатонро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва мардум саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here