Паёми табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак

0
263

Кӯдакони азиз!

Ҳама сола санаи 1 июн дар тамоми кишварҳои олам “Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон” таҷлил карда мешавад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шуморо бахшида ба ин рӯз самимона табрику муборакбод мегӯям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода таъкид менамоянд, ки рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад.

Бо ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Дар партави сиёсатҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чораҳои судманд амалӣ гардида истодаанд. Ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди кӯдакистонҳо ва ба тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасон дар ноҳия аз иқдомҳоест, ки пайваста дар ҳоли корбарӣ қарор дорад. Дар ноҳия 2 кӯдакистон ва як мактаб-интернат фаъолият мебаранд, ки барои рушди зеҳнию ҷисмонии кӯдакон  саҳми босазо доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду айёмҳо ба ятимони кул, кӯдакони оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои моддию пулӣ дастрас намуда, дар ҷашни соли нави мелодӣ ва Наврӯзи оламафрӯз ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия дастархони идона ороста, ба ҳар яки онҳо сару либоси зимистона ва туҳфаҳо тақдим карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон ва аҳли ҷомеаро вазифадор намудааст, ки бобати фароҳам овардани шароити арзанда барои ташаккули ақлию зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон бештар масъулиятшинос бошанд ва кӯдаконро дар рӯҳияи дустории ватан ва муқаддас донистани арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар кулли ҳамдиёрон ва кӯадкони дӯстрӯякро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак самимона табрику таҳният гуфта, орзу дорам, ки ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд бошанд, шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб, арзандаи миллат ва номбардори Ватани хеш гарданд.

Тансиҳату комёр бошед, кӯдакони азиз!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here