Паёми табрикии раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати таҷлили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
140

Ҳамдиёрони азиз!
Афсарону сарбозон ва ҳомиёни содиқи Ватан!

Мояи ифтихор ва сарбаландист, ки ҳар сол дар қаламрави кишвари азизу маҳбубамон миллати куҳанбунёди тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва шодиву нишот Рўзи таъсисёбии Артиши миллиро ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн мегиранд.
Имсол бошад дар радифи кулли мардуми тоҷик, мо сокинони шарафмандӣ ноҳия низ дар ин рўзи таърихӣ ва фархунда 28-солагии таъсисёбии Рўзи Артиши миллиро дар рўҳияи баланди ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлати озоду мустақиламон истиқбол гирифта истодаем, ки барои рангин намудани саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Таъсиси Артиши миллӣ гувоҳи мавҷудияти давлати мустақил маҳсуб ёфта, таъсисёбии он ба замоне рост омад, ки ҳанўз дар кишвари мо нооромиҳо ҳукмфаро буда, вазифаи таърихии он пеш аз ҳама мубориза бар зидди нерўҳои зиддидавлатӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, ҳифзи сохти конститутсонӣ ва таъмини якпорчагии кишвар дар ҷомеи маҳсуб меёфт
Артиш ҳамчун қувваи бузурги сиёсиву низомӣ дар рўзҳои нахустини таъсисёбиаш баҳри ба низом овардани тартиботи ҷомеа, ҳифз намудани марзу бум ва таъмини озодию оромӣ ҳазорҳо ҷавонмардон ва ҳомиёни ватанро дар атрофи худ мутаҳид намуда, дар тўли солҳои вазнин бар зидди нерўҳои бадхоҳ ва душманони миллати тоҷик муборизаи беамон намуда, бо нерўи ақлониву ҷисмонии худ ва ҳисси баланди миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва имонии худро дар назди давлату миллат адо намудаанд, ки барои мардуми тоҷик бахусус мо сокинони ноҳия ифтихори баланд аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон Артишро мактаби мардонагиву ватандӯстӣ унвон карда чунин иброз доштаанд: «…Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандўстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст».
Таҷрибаи таърих исбот кардааст, ки Артиши воҳид, ки сафи он аз мардони шуҷоъ ва далер, матиниродаву соҳибфарҳанг ташкил ёфтааст, ҳамеша дар роҳи набард ҷиҳати фатҳ намудани қуллаи мурод ва парафшон намудани парчами номуси миллии худ ба қимати ҷонашон ҷонфидоӣ мекунанд.
Нангу номус ва орияти ватандорӣ, ки яке аз омилҳои асосии бақои давлат аст, дар ботини ҷавонони саодатманду вафодорӣ миллати тоҷик, ки имрўзҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми давлат адои хизмат карда истодаанд маскан гирифтааст, ки аз ин сифати воло ҷавонони ноҳияи мо низ хело хуб бархурдор мебошанд.
Артиши миллӣ натанҳо заминаи асосии пойдории давлат, тарбиякунандаи дурусти ҷавонмардон, балки татбиқкунандаи ормону орзуҳои олии мардум ба шумор меравад. Зеро Артиш пояи асосии давлатдорӣ ва ҳифзкунандаи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишиҳо ва баъдтар Суғду Бохтар ва Хоразм дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оиномаҳои қавии низомӣ созмон доданд.
Итминони комил дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайдо гардидани нерўҳои ифротгароӣ барои таъмин намудани оромиву суббот дар ин гўшаи дурдасти Кўҳистон ҳайати шахсии афсарону сарбозон зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надода, дар масири мудофиаи кишвари азизамон сарбаландона хизмат менамоянд.
Ҳайати шахсии афсарону аскарон имрўз дар симои ҳар яки Шумо шахсони ҷонфидо ва ҳомиёни давлату миллат дида мешавад, ки воқеан саҳми Шумоён дар раванди таъмини суботи комил, пешравии доимии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас буда, дар оянда низ барои устувории пояҳои давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эъмори ваҳдату ягонагӣ саъю кўшиши худро дареғ надошта, хизмати софдилонаву далерона ва адолатхоҳонаро ҳадафи асосӣ қарор хоҳед дод.
Бори дигар ба ҳамаи Шумо 28-умин солгади Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар корҳои пуршарафи хизматиатон барору комёбӣ, тансиҳативу сарбаландӣ орзумандам