ОМӮЗГОРОН ТАШВИҚГАРИ ЗАБОНАНД

0
46

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорон

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Омўзгорони меҳрубон!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи омўзгорон самимона табрик менамоям ва барои омўзгорон дар роҳи тарбияи ватандўстиву ватанпарастии насли наврас барору комёбиҳоро орзу намуда, ҳамчунин ҷиҳати гиромӣ доштани забони давлатӣ ва арзишҳои муқаддаси он ҷаҳду талош ва такмили тафакурри созандаро хоҳонам.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи пойдорӣ ва ҳастии миллат барои рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ имкониятҳои рушди бемайлонро фароҳам овардааст.
Забон ин ҳувияти миллӣ, ҳастии миллат, мавҷудияти давлатдори миллӣ ва ифтихор аз таърихи пурғановати гузаштаро шаҳодат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон, аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи кўҳанбунёди тоҷик мебошад.
Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тўли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст. Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.
Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою гуворо мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон вобаста ба мақоми забони давлатӣ чунин баён намудаанд: «Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рўзҳои даврони Истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад».

Ҳамдиёрони азиз!
Омӯзгорон муҳтарам!

Омўзгорон яке ташвиқгарони забони поку беолоиши давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз рисолатҳои омўзгор низ ҳамин аст, ки забони модариро хуб донад ва онро барои насли наврас омўзонад.
Воқеан, омўзгорӣ касби пуршараф ва боифтихор буда, афроде дар ҷомеа ба ин касб сазовор мегарданд, ки дорои қобилияти баланди педагогӣ, дарки илмҳои муосир, ахлоқу одоби ҳамида ва рафтору гуфтори намуна дошта бошад.
Зеро омўзгор дар фаъолияти таълимии ҳар рўзаи худ танҳо ба насли наврас сару кор дошта, барои ояндаи дурахшони онҳо саъю талош меварзад.
Насли наврасро бо роҳи дуруст ҳидоят намуда, дар рўҳияи баланди ватандўстиву хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия менамояд. Мактаби эҳтироми аҳли ҷомеа ва роҳи фатҳи қуллаҳои муродро равшан намуда, ояндаи онҳоро ба зиндагии олӣ ва шоиста пайванд месозад.
Имрўзҳо давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, рушди мунтазами онро бо тарбияи насли наврас ва ҷалби омўзгорони варзида равона намудааст.
Моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлат барои пешрафту инкишоф ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрати худро сафарбар намуда, дар ободии ин гўшаи дурдасти кўҳистон саҳмгузор бошем.
Бори дигар Рузи Забони давлатӣ ва Рўзи касбии омўзгорон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here