ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
74

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон” иттилоъ доданд.

Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва дар шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.
Ба иттилои Аҳмадзода роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия то имрӯз дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ маводҳои зарурӣ дастрас ва рӯйхати умумии овоздиҳандагон дар ҳар як участкаҳои овоздиҳӣ омода ва тартиб дода шудааст.
“Мо давоми қариб як ҳафтаи охир бо коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода аз ҳар як участкаи овоздиҳии ноҳия дидан намуда, баъзе камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ карда шуданд. Аз ҷониби коршиносон ба раисони участкаҳои овоздиҳӣ ҷиҳати ҳуҷҷатгузориҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.”,-иброз дошт зимни суҳбат Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия.


Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35-участкаи интихоботӣ амал мекунад. Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд ва 359 нафари дигар муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд.

Беҳзод Ҷумъазода

 

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here