ОИЛА МУҲИМТАРИН ВА АСЛИТАРИН ПАРВАРИШГОҲИ ИНСОН АСТ Паёми табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибат Рӯзи оила

0
75

Ҳамдиёрони Азиз!
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи оила аз номи худ самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат, рӯзгори хуш ва оилаи устувору некро таманно дорам!
Оила асоситарин воҳиди ҷомеа маҳсуб меёбад ва ба ҳамин далел аст, ки оиларо сутуни ҷомеа ва яке аз рукнҳои давлат медонанд. Оила дар ҳама давру замон ниҳоди муқаддас, муҳимтарин ва аслитарин манбаи парвариш ва омӯзиши фард буда, ба ҳамин далел яке аз парваришгоҳи асосии ҷомеа ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар ин маврид хеле зебо таъкид кардаанд: “Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.”
Нақши оила дар рушди инсоният ва ҷомеа басо бузург буда, муҳимтарин хислатҳои неки инсонӣ дар он маншаъ мегирад. Мо аз кӯдакӣ дар оила муҳаббат ба ватан, меҳрубонӣ, самимият, эҳтиром ва муҳимтар аз ҳама масъулиятро меомӯзем, ки ин хислатҳо дар оянда ифодакунандаи шахсияти ҳар яки мо маҳсуб мешаванд.
Бо баробари мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳонӣ дар замони имрӯз вазифаҳои оила басо мушкил гардида, тарбияти дурусти насли наврасро аз ҳар яки мо тақозо мекунад. Дар чунин вазъият вазифаи оила пеш аз ҳама дар асоси арзишҳои ахлоқӣ тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ шарти зарурӣ мебошад ва ин усул метавонад насли ояндаро аз гумроҳиро ва ифротгариҳо боз дорад ва ба самти пурҳикмати зиндагии шоиста раҳнамун созад.
Дар замоне, ки имрӯз бемории ҳамагир коронавирус (COVID-19) ҷаҳонро ба ташвиш оварда, давлатҳоро дар вазъиятӣ буҳронӣ қарор додааст, моро зарур аст, ки ба тарсу воҳимаҳо дода нашуда, дар фикри тарбияти дурусти фарзандон машғул шавем ва барои беҳбудии ояндаи неки онҳо тадбирҳои зарурӣ андешем.
Бори дигар бо чунин ниятҳои нек ҳар яки Шуморо ба муносибати Рӯзи оила табрику муборакбод мегӯям!
Рӯзи оила муборак!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here