НОМАИ ШОДБОШИИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

0
5

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

      Бо самимияти афзун ва эҳтироми хоса пеш аз ҳама зодрӯзи накӯятонро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон самимона муборак мегӯем!

Мардуми заҳматписанду меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамеша аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Шумо ифтихор менамоянд. Қобили зикр аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар радифи дигар дастовардҳои бузурги миллиамон, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ бо ташаббуси бевоситаи Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат, аз нав эҳё шуд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини заҳматкашӣ ноҳия ба ҳисоб меравад.

      Таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар воқеъ собит намуд, ки ҳақиқатан, Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти сиёсати созандагии худ, ки ба сарнавишти халқ ва бунёди давлатдории миллиамон иртиботи қавӣ дорад, як давлати комилан озоду осоиштаро бунёд намуд, ки имрӯз дар харитаи ҷаҳон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни зиёда аз дусад халқиятҳои ҷаҳон шинохта шуда, як давлати амну осоиш барои тоҷикони ҷаҳон эътироф гурдидааст. Мо аз ин ифтихори бузург дорем. Ин рӯзҳои офтобӣ, озодӣ, осоиштагӣ ва сарбаландӣ ба халқи тоҷик осон ба даст наомадааст. Дар ин роҳ хизматҳои беназири Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии истиқлолияти давлатиамон ибратомӯз буда, чунин саҳифаҳои таърих бо гузашти вақт барои халқи тоҷик, хусусан наслҳои оянда аҳамияти бузургро касб хоҳад намуд.

Маҳз ҳамин сиёсатҳои созандаву бунёдкоронаи Шумо буд, ки соли 1996 дар харитаи Тоҷикистони навин як ноҳияи нав бо номи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис ёфт ва имрӯз аз таъсисёбии он 25 сол сипарӣ мешавад. Воқеан, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар тӯли 25 соли таъсисёбӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Шумо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки дар ин раванд ба истиқболи ҷашни фархундаи миллати тоҷик – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуд. Ба ин ифтихори ин ҷашни муборак дар маркази ноҳия ва деҳоти дурдасти он иншооти муҳими ҷамъиятӣ бунёд гардиданд, ки имрӯзҳо сокинони ноҳия бо шукргузори аз сулҳу ваҳдат ва амну осоиштагӣ аз онҳо пурсамар истифода бурда истодаанд.

Мардуми шарифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ин ҳамаро аз дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаи Шумо дар раванди корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ медонанд.

  Сокинони ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Шумо барои дастгирии ташаббусҳои созанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ҳамеша ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бо ифтихору шодмонӣ мардуми ноҳия аз самими қалб Шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрику муборакбод  гуфта, бароятон тани сиҳат ва умри дарозу пурбаракатро орзуманданд!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти 

давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ