НАВРӮЗ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОШУКУҲ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

0
19

Имрӯз (21.03.2021) дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва меҳру муҳаббат бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Барои табрики сокинони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ меҳмонони олиқадр аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд ташриф оварда буданд.
Нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни ироаи паёми табрикии худ меҳмонони олиқадрро барои ташриф оварданашон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хушомадед гуфта зикр намуд, ки ҷашни Наврӯз дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, собит менамояд, ки миллати тоҷик, воқеан, таъриху фарҳанги пурғановати қадима дошта, барои баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, бо дарки амиқи худшиносву худогоҳӣ масири ташаккуллу эҳёи онро такон медиҳад.
Раиси ноҳия бо баёни он ки Наврўз ҳамчун мактаби бузурги хештаншиносиву худогоҳӣ барои бедор намудани ҳисси миллӣ ва номуси ватандорӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар шинохти фарҳанги волои эҳтироми аҳамияти таърихии давлатамон саҳми бузург мегузорад, гуфт: “Яке аз хусусиятҳои нотакрори ҷашни Наврўз дар он ифода меёбад, ки ин ҷашн ҳамаи мардумро ба ҳам меорад ва дар роҳи эъмори ваҳдати миллӣ занҷири иттиҳоду ягонагиро бо дўстии абадӣ пайванд месозад”.

Сипас, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Раҷабалӣ Талбак суханронӣ намуда, сокинони ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳро ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфт.
Таъкид гардид, ки ҷашни Наврўз ҳомии дўстиву рафоқат ва баҳамойи мардум буда, на танҳо тарғибгарӣ арзишҳои инсондўстиву худшиносии миллӣ, балки фарҳанги миллии моро бомаром мукаммал ва маънии тоза мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўзи оламафрӯзро чунин тавсиф намудаанд:
«Воқеан, Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона, дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».
Баъдан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ паёми табрикии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи мардуми ноҳия расонид.
Пас аз зикри паёми табрикии Наврӯз дар вазъи тантанавӣ ба якчанд собиқадорони меҳнат ва истеҳсолот, маориф ва фарҳанг аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаву сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим шуд.
Ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапайи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ овозхонҳои шинохта, ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ва Орзугул Хуҷамова ташриф оварда буданд, ки бо сурудҳои хушу дилангезашон Наврӯзро рангину хотирмон бахшиданд.

Беҳзод Ҷумъазода