МОДАР – ТАШВИҚГАРИ САМТИ ПУРҲИКМАТИ ЗИНДАГИСТ

0
16

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ва намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Шурмуҳаммад Нодирӣ чорабинии бошукуҳ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ нахуст иҷрокуқнандаи вазифаи раиси ноҳия Бобозода Хайрулло модаронро ба ин рӯзи саидашон табрик намуда, модарро сарчашмаи меҳру вафо ва тарбиятгари насли башарият номид.

Хайрулло Бобозода бо таваҷҷуҳ ба хизматҳои шоёни занон дар корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи насли наврас таъкид намуд, ки “модар ҳидоятгар ва ташвиқгари самти пурҳик мати зиндагӣ мебошад.”

Баъдан намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи модар расонида, домони модарро мактаби ибтидоии башарият номид.

Пас аз суханрониҳо ва паёмҳои табрикӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба чанде аз занони собиқадор туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангии бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида намуд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here