МАТБУОТ – МУАССИРТАРИН ВАСИЛАИ ҲИДОЯТИ ҶОМЕА БАРОИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

0
72

Номаи
шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Рӯзноманигорони муҳтарам!
Кормандон ва хизматчиёни соҳаи матбуот!
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба муносибати таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳат, рӯзгори осуда ва дар корҳои эҷодиатон пешравиҳову муваффақиятҳои нав ба навро орзумандам!
Матбуот, ки ба унвони як ниҳод дар ҷомеаи маданӣ ва рукни ҷаҳоруми ҳокимият дар ҳар низоми сиёсӣ шинохта мешавад, метавонад дар пешбурди афкор ва рушду вусъати фарҳанги сиёсии ҷомеа нақши боризе дошта бошад. Ба унвони дигар матбуот ва рӯзноманигорон на танҳо яке абзорҳои қавии созандагии фарҳанги сиёсӣ ва тафаккури аҳли ҷомеа, балки ба унвони муассиртарин василаи ҳидояти ҷомеа барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ буданду ҳастанд. Аз ин ҷост, ки рӯзноманигорон дар байни ҷомеа мартабаи махсус доранд. Имрӯз матбуот яке аз манбаъҳои асосиест, ки мардум воқеиятҳоро дар он мебинанд ва ба он эътимоди комил доранд. Ба иборати дигар матбуот минбарест, ки дар шаклгирии афкори умумии ҷомеа нақши муҳиме дорад. Яке аз масъулиятҳои муҳими матбуот ва рӯзноманигорон дар он аст, онҳо бояд дар ҳар шароите нақши муттаҳидкунии ҷомеаро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангию маънавӣ дошта бошанд. Матбуот ҳамчунин бояд аз лиҳози равонӣ барои мардум оромиш бахшад. Дар замони хуруҷи бемории коронавирус COVID-19 мо шоҳиди он будем, ки матбуот, телевизиону радио ва расонаҳову шабакаҳои интернетӣ ҳамеша барои ором кардани мардум аз тарсу таҳлука ва ҳангомаҳои беасос талош варзиданд ва оромиши ҷомеаро аз тарси ин бемории ҳамагир нигоҳ доштанд. Ин яке аз масъулият ва рисолатҳои асосиест, ки бояд рӯзноманигорон дар чунин шароитҳои мавҷуда ба анҷом расонанд.
Рисолати бузурги рӯзноманигорон дар инъикоси воқеии ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки бо нашри мақолаҳои фарогири манфиатҳои миллӣ ва тарбиякунандаи ҷомеа, аз ҷумла насли наврас пайваста ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва паҳн гардидани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаройӣ рӯзноманигоронро зарур аст, ки бо дарки воқеияти рӯз ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба чунин равияҳои номатлуб мақолаҳои пурмуҳтаво бо назардошти инъикоси дастовардҳои даврони истиқлолият ба табъ расонанд. Агар ба саҳифаи таърихи навини давлатдории миллиамон назар афканем раванди худшиносиву худогоҳӣ дар заминаи эҳёи суннату арзишҳои миллӣ бемайлон ташаккул ёфта истодааст. Вобаста ба ин Шумо рӯзноманигорони муҳтарам, ки пайваста дар саҳнаи матбуот воқеияти рӯзро инъикос менамоед, зарур мешуморам, ки мавзуъҳои худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бештар таҷассум намоед. Зеро ин омил барои таҳкими фазои идеологии миллӣ саривақтӣ ба ҳисоб рафта, баҳри ташаккул ёфтани афкори ватандӯстии ҷомеа такони бузург мебахшад.
Бо чунин ниятҳои нек ва таманниёти беандоза ба Шумо дар роҳи пуршарафи касбиятон муваффақияту дастовардҳои нави эҷодиро орзумандам!
Иди касбиятон муборак, рӯзноманигорони арҷманд!