МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ

0
33

(Нигоҳе ба мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми он дар тарбияи насли наврас)

   Таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон собит намуд, ки ҳақиқатан, Пешвои маҳбуби миллат бо фаъолияти сиёсии худ аз сабақҳои бузурги таърихӣ, ки ба сарнавишти халқ ва бунёди давлатдории миллиамон иртиботи қавӣ дорад, сарбаландона баромаданд. Оғози давраи нави давлатдории халқи тоҷик дар ибтидои асри бистум оғоз ёфта, то имрӯз бонизом идома дорад. Ин рӯзҳои офтобӣ, озодӣ, осоиштагӣ ва сарбаландӣ ба халқи тоҷик осон ба даст наомадааст. Дар ин роҳ хизмати Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии истиқлолияти давлатиамон беназир ва ибратомӯз буда, чунин саҳифаҳои таърих бо гузашти вақт барои халқи тоҷик, хусусан наслҳои оянда аҳамияти бузургро касб менамояд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат ворид гардидани ин фарзанди фидоии миллат, ҳисси баланди миллӣ, ҷасорат ва нангу орияти ватандорӣ дар ниҳодашон мисли мавҷҳои дарё пуртўѓён буд ва ҳар иқдомоте, ки пеш гирифта мешуд, маҳз ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва иттиҳоди халқ равона гардида буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба ин вазифаи басо пурмасъулият ва серталаб интихоб шуданд, ки кишварамонро ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Дар чунин вазъияти ноустувории сиёсӣ, ки сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд, роҳбаре зарур буд, ки бо механизмҳои устувор ва ояндабин ҳолати вазнинро бартараф намуда, вазъи кор дар мақомотҳои давлатиро ба таври муътадил роҳандозӣ намояд. Ба ифодаи дигар раванди густурдае зуҳур карда буд, ки зери таъсири қувваҳои манфиатдорӣ дохилӣ ва хориҷӣ сохтори давлатӣ бо назардошти кӯшишҳо баҳри доштани сари роҳи нооромиҳо, ки рӯз аз рӯз шиддат мегирифт, пешгирӣ карда натавонист. Бо ин сабаб, боварии мардум нисбати ҳукумат кам гардида буд ва ягона умеди зиндагиро халқ дар муҳоҷират ба дигар давлатҳо сазовор медонистанд.
Нахустин хизматии таърихии Пешвои миллат дар он аст, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандиро бо заҳматҳои шабонарузӣ, ки басо вазнин буд, хомӯш намуданд. Ҷангро хомӯш кардан кори саҳл набуд. Дар он вазъият давлат ва миллат ба сарваре эҳтиёҷ дошт, ки хатари аз байнравии давлат ва миллатро пешгирӣ созад. Ин қаҳрамони миллат бо принсипҳои олии сиёсати давлатдории худ тавонист тамоми қувваҳои оштинопазирро сарфи назар аз манфиатҳояшон, ки талоши онҳо ба ҳамин равона гардида буд, ба ҳам орад. Ба давлатдории миллиамон барои садсолаҳо, ки муроди ҳазорсолаи мардум аст, асос гузоштанд.
Роҳбари давлат баҳри ворид намудани гардиши куллии мусбӣ дар низоми сиёсии давлатдорӣ, нақшаҳои асоснок ва пешбининамудаи худро муайян намуда, иқдомоти минбаъдаи худро нисбати сарнавишти давлат ва миллат тибқи муқаррароти онҳо роҳандозӣ карданд. Натиҷаи чунин барномаҳои афзалиятнок буд, ки имрӯз давлати тоҷикон бар пояи иттиҳод ва дӯстии тамоми мардум дар марҳилаи нави рушду инкишоф қарор дорад.
Яке аз принсипҳои олии давлатдорӣ Пешвои миллат дар он ифода меёбад, ки тариқи музокирот бо ҷониби мухолифин тавонистанд санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Ин санади таърихӣ ба идомаи давлатдории мо заминаҳои хуби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ муҳайё намуд. Умеди халқ ва наслҳои ояндаро ба фардои осоишта ва гул-гул шукуфон қавӣ сохт. Халқро муттаҳид ва идоракунии давлатро бонизом таъмин гардонид.
Пирӯзии мазкур имкон дод, ки тифлҳо аз модар ором осуда ва озод ба дунё омаданд, кӯдаконе, ки таваллуд ёфта буданд дар домони модарон меҳру муҳаббат ва тарбияи навозишкоронаи онҳоро диданд, ҷавононе, ки ба синни балоғат расида буданд, хушбахт гардиданд, аз дарди ноумеди мардум ба умедҳои бузург раҳнамо гардиданд, ашки ғам ба ашки шодї табдил ёфт, тарсу даҳшатро шодию нишот иваз кард, чорабиниҳои фарҳангӣ ва созандагӣ ҷойгузини беназму бесуботи гардиданд ва дар маҷмуъ ҳамаи рукнҳои саодати зиндагӣ ба халқи тоҷик насиб гардид. Хусусияти хоси сулҳ дар он аст, ки қонуниятҳои рушди инкишофи ҷомеаро дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ки пешрафтро дар ҳамаи соҳаҳо бозмедорад, устуворона мегузорад.
Шурӯъ аз ҳукмронии сулҳ дар кишварамон тамоми чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ дар фазои ором ва хурсандӣ баргузор мегарданд. Тамоми тадбирҳои муассир дар самти рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи онҳо таҳти ҳамин фазои тинҷиву оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ босуръат ҷараён дорад.
Боиси ифихор аст, ки ҳар як рукнҳои волои мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат, имрӯз барои тарбияи насли ояндасоз ба сифати манбаи муҳими дарки воқеияти зиндагӣ, ватандустӣ ва давлатдорӣ баромад менамоянд. Таҳлил, омӯзиш ва татбиқи босамари онҳо дар ҳаёт ва кору фаъолияти ҳаррӯза ғояҳои навро дар тафаккури ҷавонон бедор намуда, роҳҳои минбаъдаи инсондустӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиро дар афкори насли наврас такмил медиҳад.
Ҷасорату мардонагӣ дар фалсафаи мактаби давлатдории Пешвои миллат хело мавқеи баланд дошта, ҷавононро ба он водор месозад, ки ҳамеша дар корвони давлатдорӣ далеру ғаюр ва ҳушёру тавонон бошанд.
Ин ду унсур на танҳо рӯҳияи поквиҷдониро дар ниҳоди инсон тарбия мекунанд, балки мавқеи шоистаи онҳоро дар ҳифзи ватан ва гиромӣ доштани рукнҳои он ташаккул медиҳад. Вақте ҷасорат аст, ҳеҷ як нерўи манфиатдор наметавонад дар муқобили он ба худи шахс ва ватанаш зарар расонад.
Роҳбари маҳбуби миллат дар масъалаи ҷасорати ҷавонон қайд намудаанд; «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».
Сабақҳои таърихии ватандӯстии Пешвои миллат дар раванди давлатдории навини мо дар таълиму тарбияи дарси ватандорӣ барои ҷавонон бағоят нақши муҳим дошта, ба сифати муҳимтарин сарчашмаҳои дарки рисолати таърихии ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи марзу бум баромад мекунанд. Имрӯз ватандорӣ дар ниҳоди ҷавонон ба шакле зуҳур карда истодааст, ки метавон ҳамчун як нишондод дар мавзуи ояндаи давлат сухан гуфт. Пайгирии ин сифатҳои бузург саҳми ҷавононро дар пешрафти давлат, ҳимояи марзу буми он ва боло бардоштани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ хело боло бурдааст. Вақте таърихи солҳои вазнини соҳибистиқлолиро варақ мезанем, ҷонфидоии сарвари давлат ба мо равшан мегардад. Чунин ҷасорати ӯ мо, ҷавононро беихтиёр ба домони ҳифзи ватан мекашад. Натиҷаи чунин тадбирҳост, ки имрӯз мавқеъгирии ҷавонон дар ҳамаи самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа чашмрас аст.
Пешвои миллат сифатҳои ватандӯстии ҷавононро чунин баҳо додаанд: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад».
Бо гузашти солҳо қимати ин самти мактаби давлатдорӣ барои ҷавонон боз ҳам бештар хоҳад шуд. Боиси ифтихор аст, ки ҳар сол дар айёми таҷлили ҷашнҳои бузурги миллиамон ҷавонон бо нидои «Ҷавонон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат» иштирок менамоянд. Дарвоқеъ, ин раванд идомаи мантиқии баҳравар гардидани ҷавонон аз ин мактаби беназир мебошанд.
Садоқат ва устуворӣ аз ҷанбаҳои хосаи мактаби мазкур арзёбӣ карда шуда, иштирок дар корҳои давлатдорӣ ва умуман, барои ҳамчун шаҳрванд сазовор зиндагӣ кардан бояд садоқат ва устуворӣ дар вуҷуди ҳар як инсон мавҷуд бошад. Садоқат-ин содиқ будан ба давлат, миллат, авлавият додан ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ дар ҳамаи вазъият, таъриху фарҳанг ва ниёгони таърихии бостонии халқ ба ҳисоб меравад. Раво надидани хиёнат ба ватан ва халқи худ, доштани эҳтироми баланд ба ватан ва ҳамеша бо назардошти тағйир ёфтани вазъият маҳкум кардани ҳама гуна таҳдидҳо ва амалҳои ношоиста ба давлат ва истиқлолияти миллӣ.
Эмомалӣ Раҳмон дар гузоштани нахустин қадамҳои худ дар масири давлатдорӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, иброз доштанд, ки: «ман ба Шумо сулҳ меоварам».
Таърих ва вазъияти ҳамон замон баамаломада аз сарвари сиёсӣ тақозо менамуд, ки бо усулҳои муосир ва таҷдиди назарёфта, ҳарчи зудтар мамлакат бояд аз гирдоби нобасомониҳо раҳо карда шуда, асосҳои давлатдорӣ барқарор ва мустаҳкам гардонида шаванд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки бе мавҷудияти заминаҳои боэътимоди рукнҳои давлатдорӣ пешрафти ояндаи давлат зери суол аст. Бо дарки вазъияти ҳамон замон ва аз байн нарафтани давлати навин ин қаҳрамони миллат он ваъдае, ки дар ибтидои оғози давлатдориаш ба мардум изҳор намуд, ниҳоят бо талошҳои пайгирона амалӣ карда шуда, дар дохил ва хориҷи кишвар маъруфият пайдо намуд.
Бояд ҳар як насли ҷавоне, ки имрӯз дар ин ватани биҳиштосо истиқомат мекунад, чунин садоқат ва устувориро дар маркази фаъолияти хеш маскан диҳад. Бояд зикр намуд, чи қадаре, ки фаҳми ҷавонон ба мавҷудияти давлат, арзишҳои волои он ва муқаддасоти миллӣ афзун шавад, ҳисси эҳтиром ба тадриҷ густариш меёбад. Ин нишондод барои дахолат кардани неруҳои ифротӣ ба ҳаёти шахсии ҷавонон ва мавқеъгирии онҳо дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ девори шикастнопазир мебошад.
Бояд сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ, дарки рисолати таърихӣ ва ҳисси ватандустии мо ҷавонон ҳамеша дар ҳоли такмил қарор дошта бошад. Сатҳи ҷаҳонбинии имрӯзаи мо аз дирӯз ва ҷаҳонбинии фардои мо аз имрӯз беҳтар бошад. Аммо барои расидан ба ин муваффақият мебояд баҳри фарқ гузоштани сатҳи тафаккури ҳар рӯза имрӯз барои фардо замина гузорем.
Имрӯз, воқеан, насли наврас дар партави ғояҳои ватандӯстонаи мактаби давлатдории Пешвои миллат, ҳар андешаро дар фикри ватан, ҳар қадамро ба сӯи ояндаи дурахшон, ҳар нигоҳро бо назари нек, ҳар иқдомро дар соҳаи илм ва созандагӣ бо муҳаббати ватан ва ҳар муноқишаҳоро аз нуқтаи назари манофеи миллӣ изҳор медоранд ва қадам мегузоранд.
Таҳавуллоти мусбии ҳаёти ҷавонон шаҳодат бар он аст, ки дар ҷомеи кунунӣ заминаҳои хуби таълиму тарбия ва таблиғу дарки дарси ватандорӣ куллан беҳбудӣ ёфтааст ва ин раванди ояндасоз рӯз аз рӯз, моҳ ба моҳ ва сол аз сол дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷавонон комёбиҳои баландро пиёда месозад.
Бояд ҷавонон имрӯзу фардо пайравӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат намуда, ояндаи худро дар доираи рукнҳо, ғояҳо ва принсипҳои беҳамтои он, ки дар эъмори давлатдорӣ беҳтарин дастур ва раҳнамои сиёсӣ мебошад, созмон диҳанд.
Ба маънои дигар асоси муваффақияти ҳар як насли наврас аз омӯхтани мактаби давлатдории Роҳбари давлатамон, ки ҳамаи паҳлуҳои ҳаётро дар бар мегирад, ибтидо меёбад.

Боқизода Фатҳулло,
магистранти Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here