КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ: ЗАРАРҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕШАВАНД

0
104

Бар асари борони шадиди рӯзҳои 18 -19 июли соли равон дар деҳаҳои Пастиғав, Ҳадишаҳр, Пит, Ғарфкат ва Арнохуну Сурхкат сел омада, роҳу ҷӯйборҳо ва қисме аз заминҳои кишоварзиро хароб кардааст.

Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ бар асари борони пуршиддати санаи 18-19 июл, ки ба омадани сел боис гардидааст, 5 адад пул, 20 км роҳ, зиёда аз 20 гектар заминҳои кишоварзӣ ва 13 адад хонаҳои истиқоматии сокинони зикршуда қисмат хароб гардидаанд.

Айни замон рафтуомад ба деҳаҳои Арнохуну Сурхкат муваққатан қатъ гардида, корҳои бартарафсозӣ дар ин масир ва минтақаҳои зарардида рафта истодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия мегӯяд аҳолии деҳаи Пит, ки бештар зарар дидааст, ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир 5 техникаи пуриқтидори муҳандисӣ ба таври шабонарӯзӣ барои аз сангу шағал тоза намудани роҳи асосӣ кор карда истодаанд. Айни ҳол зарари офати табиӣ аз деҳаи Оббурдон то маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон пурра барқарор карда шуда, ҳаракати мошинҳо дар ин масир оғоз гардидааст. Корҳои тозакунӣ дар дигар роҳҳо бо суръат идома дорад.

Беҳзод Ҷумъазода