Кӯҳистони Масчоҳ: Аз фаъолияти семоҳа натиҷагирӣ шуд

0
113

Имрӯз (15.04.2021) дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ маҷлис, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимои иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлис Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акрамов Саидимомхоҷа ва масъулину фаъолон ширкат доштанд.

Нахуст муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 муфассал ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки бо мақсади сазовор таљлил намудани љашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 108 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз аз ин шумора 81-адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки 75 фисади иҷроиши нақшро дар бар мегирад.
Муовини Раиси ноҳия зикр намуд, ки Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шудааст, ки он аз 143 лоиҳа иборат буда, маблағи умуми лоиҳаҳои Барнома беш аз 174 млн. сомонӣ мебошад, ки аз ин шумора 57,7 фисад аз ҳисоб буҷети давлатӣ, 5,7 фоиз аз ҳисоб соҳибкорон ва 36,6 дарсади дигар аз ҳисоби шарикони рушд ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин мудири шуъбаи маорифи ноҳия Салимов Сафар ва сардори кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ Идиев Абдуамон суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд.
Зикр шуд, ки бо дастгириҳои пайвасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва тандурустии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, як қатор муассисаҳои таълимии нав ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст бунёд гардида истодаанд, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтанашон мушкилиҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ бартараф хоҳанд шуд.
Сипас мудири шуъбаи кишоварзии вилояти Суғд Акрамов Саидимомхуҷа доир ба дастовардҳои ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои картошкапарвар буда, ҳамасола кишоварзони он даҳҳо ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намуда, бозорҳои вилояти Суғд ва пойтахти кишварро бо картошкаи хушсифат таъмин мекунанд.
Таъкид гардид, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ деҳқонони ноҳия дучанд заҳмат кашида, ҷамъоварии картошкаро боз ҳам афзун менамоянд.
Акрамов ҳамчунин бобати самаранок истифода бурдани замин ва дастрасии тухмии хушсифат ба кишоварзон ва истифодаи оқилонаи замину тезонидани кишти баҳорӣ дар ноҳия дастуру маслиҳатҳо дод.
Дар фарҷоми маҷлис раиси ноҳия Хайрулло Бобозода бобати корҳои ободонию созандаги ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи саноат дар ноҳия, тақвияти кишти баҳорӣ, самаранок истифода бурдани замин, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, бунёди мактабҳои хусусӣ дар ноҳия ва ҷалби соҳибкорон ба ин раванд, инчунин оиди қабул ва саривақт баррасии аризаҳои шаҳрвандон ва дар кутоҳтарин муддат, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру вазифагузориҳои мушаххас дод.

Саидвоҳиди Қосим