Кӯҳистони Мастчоҳ: Ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид

0
95

26 апрели соли 2021 маҷлисгоҳи хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таҳти раёсати Раиси ноҳия ҳамзамон раиси  Комиссияи ҳудудии  Ҳолатҳои фавқулода Бобозода Хайрулло, ҷаласаи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси комиссия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шахсони фаъол ширкат доштанд.

  Дар кори  ҷаласаи масъалаҳои  дар амал татбиқ намудани дастур супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода, Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, пурра гардонидани захираҳои манбаҳои моддӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тибқи талаботи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 778,  барқарорсозии заминҳое, ки солҳои қабл зери сел  аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, инчунин ҷиҳати тезонидани чораҳои пешгирикунанда дар пули мошингузари деҳаи Водифи ҷамоати Лангар ва таъмини бехатарии аҳолӣ ва равуоӣ сокинон тавассути он, дар ҳамкорӣ бо бахши муҳоҷирати ноҳия кӯчонидани аҳолии дар зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дошта, аз ҷумла кӯчонидани сокинони деҳаи Пит ба ноҳияи Зафаробод мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки гарчанде дар давоми се моҳи соли равон ягон ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аммо корбарӣ ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ ба таври мунтазам роҳандозӣ гардидааст.

Раиси ноҳияи Бобозода Хайрулло зимни суханронӣ ба шахсони масъул дастур дод, ки корҳои суоҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои обхез дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

 Саидвоҳиди Қосим