КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Як гуруҳ ҷавонони ихтиёрӣ ба Артиш гусел карда шуданд

0
13

Санаи 31 марти соли 2021 дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ як гуруҳ ҷавонони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ ба вилояти Сущд сафарбар намуданд.

Ба ифтихори гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабини муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова суханронӣ намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро барои ҳар як ҷавонмард мактаби мардонигию шуҷоат номид.

Таъкид карда шуд, ки ҳамасола  ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлкат аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъатро иҷро менамоянд, ки ин нишонаи дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарасти тарбия намудани ҷавонон дарак медиҳад.

“Нангу номус ва орияти ватандорӣ, ки яке аз омилҳои асосии бақои давлат буда, боиси ифтихор аст, ки ин нуқтаҳо дар дили ҷавонони щаюри Кӯҳистони Мастчоҳ ҷой гирифтаву имрӯзҳо дар баробари дигар родмардони ватан дар сафи пеши Артиши миллӣ баҳри дифои ин марзу буми муқаддас, алахусус баҳри таъмини суботу оромии кишвар хизмат карда истодаанд”,- изҳор дошт зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова.

Дар фарҷоми сухан муовини Гулҷаҳон Вазирова ба ҳамаи он падару модароне, ки фарзанди худро дар руҳия ватандӯсти ва садоқат ба ватану миллат тарбия кардаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба наваскарон туҳфаҳо тақдим намуд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи умумии ҷавонон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ наздик ба 10 ҳазор нафар буда, аз инҳо беш аз 5 ҳазор нафарашро писарон ташкил медиҳанд.

Саидвоҳиди Қосим