Кӯҳистони Мастчоҳ: Хидматчиёни давлатӣ аз аттестатсия гузаштанд

0
29

Имрӯз 18.08.2020 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, машщулияти идоравӣ бо иштироки намояндаи Агентии хизматчии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ноҳия баргузор шуд.
Дар машварат нахуст намояндаи Агенти хизматчии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Сулаймонов доир ба ваколатҳои хизматчиёни давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар назди халқу миллат ва давлат ва мавқеи онҳо дар назди ҷомеа суханронӣ намуда, зикр кард, ки ишщол намудани мансаб барои кас набояд ҷои ифтихор ё такаббур бошад. Ба таъкиди ӯ мансаби давлатӣ масъулиятест, ки шахс дар доираи муқаррароти қонун бо масъулияти баланд он иҷро менамояд.
Пас аз анҷоми машщулияти идоравӣ ё худ машварат, аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Масчтоҳ бо иштироки намояндаи Агентии хизматчии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Сулаймонов Қадриддин қабл аз шуруи аттестатсия баён кард, ки ҳадаф аз гирифтани аттестатсия санҷиши донишу малака ва маҳорати касбии ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 53 нафар ҳамчун хизматчии давлатӣ дар сохторҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ки наздик ба 50 фисади онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here