КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ВУСЪАТ МЕЁБАД

0
79

    Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои картошкапарвари вилояти Суғд маҳсуб ёфта, ҳар сол кишоварзони он даҳҳо ҳазор тонна ҳосили картошка ба даст меоваранд.
Мувофиқи маълумотҳои шуъбаи кишоварзии ноҳия кишоварзон имсол дар майдони зиёда аз 2600 гектар замин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ картошка кишт намудаанд.
Соли гузашта кишоварзони ин ноҳия аз майдони беш аз 2000 гектар замин зиёда 80 ҳазор тонна ҳосили картошка ба даст оварда буданд. Тухмии босифати навъҳои гуногуни картошка яке аз масъаҳои умдаи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия мебошад, ки ҳамасола кишоварзон талош доранд, анвои гуногуни тухмиии картошкаро дастрас намоянд. Дар ҳоли ҳозир дар Кӯҳистони Мастчоҳ навъҳои тухмии «Тоҷикистон», «Мастчоҳ-1», «Овчӣ», «Биг-Роза», «Манатоу», «Романсе», «Кардинал», «Алладин» ва дигар намудҳо кишт карда карда мешавад. Интихоби тухмиҳои ба иқлими ноҳия мувофиқ ва заҳмати пайвастаи кишоварзон барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам меоварад, ки имсол тибқи дурнамо аз ҳар гектар аз 318 то 350 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд. Соли 2019 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи ташкилоти “Сароб” ба ноҳия 10 тонна тухмии аълосифати навъи “Биг роза” ворид гардид, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши навъҳои гуногуни картошка мувофиқ аст ва заҳмати пайвастаи кишоварзон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 барои пешрафти соҳа ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам оварда буд. Агар дар соли 1991 майдони кишти картошка дар ноҳия 283 гектар бошад, имрӯз майдони кишт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик ба 3 ҳазор гектар расонида шудааст, ки ин нишондоди баланд ва муваффақияти комили мардуми заҳматқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.
Фитрати ҲИКМАТ

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here