КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Кишоварзон ҳар порча заминро самаранок истифода мебоарнд

0
71

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва захираи кофии маводи озуқа, аз ҷумла картошка ва дигар зироатҳо кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, майдони кишти картошкаро зиёд намудаанд.
Бино ба маълумоти бахши кишоварзии ноҳия имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2834,5 гектар замин кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта беш аз 500 гектар зиёд мебошад.
Ҳаётзода Баруманд, мудири бахши кишоварзии ноҳия дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон” гуфт, соли равон кишоварзони ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои наздиҳавлигии худро низ самаранок истифода бурда, намудҳои гуногуни зироат кишт намуда, нақшаи Дурнамои кишти картошкаро ба иҷро расонидаанд.
— Соли равон дар беш аз 630 гектар замини наздиҳавлигии сокинони ноҳия картошка кишт карда шудааст. Айни замон картошка нашъунамои хуб дошта, умед аст имсол ҳосили дилхоҳ ба даст оварем, иброз дошт зимни суҳбат Хаётзода Баруманд мудири бахши кишоварзии ноҳия.
Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои картошкапарвари вилояти Суғд маҳсуб ёфта, ҳар сол кишоварзони он даҳҳо ҳазор тонна ҳосил ба даст меоваранд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ соли гузашта кишоварзони ноҳия аз майдони беш аз 2000 гектар замин зиёда аз 80 ҳазор тонна ҳосили картошка ба даст оварда буданд.
Тухмии босифати навъҳои гуногуни картошка яке аз масъаҳои умдаи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия мебошад, ки ҳамасола кишоварзон талош доранд, анвои гуногуни тухмиии картошкаро дастрас намоянд. Дар ҳоли ҳозир дар Кӯҳистони Мастчоҳ навъҳои тухмии «Тоҷикистон», «Мастчоҳ-1», «Овчӣ», «Биг-Роза», «Манатоу», «Романсе», «Кардинал», «Алладин» ва дигар намудҳо кишт карда карда мешавад. Интихоби тухмиҳои ба иқлими ноҳия мувофиқ ва заҳмати пайвастаи кишоварзон барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам меоварад, ки имсол тибқи дурнамо аз ҳар гектар аз 318 то 350 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд. Соли 2019 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи ташкилоти “Сароб” ба ноҳия 10 тонна тухмии аълосифати навъи “Биг роза” ворид гардид, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши навъҳои гуногуни картошка мувофиқ аст ва заҳмати пайвастаи кишоварзон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 барои пешрафти соҳа ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам оварда буд. Агар дар соли 1991 майдони кишти картошка дар ноҳия 283 гектар бошад, имрӯз майдони кишт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик ба 3 ҳазор гектар расонида шудааст, ки ин нишондоди баланд ва муваффақияти комили мардуми заҳматқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.

Фитрати ҲИКМАТ

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here