Кӯҳистони Мастчоҳ: Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

0
243

Имрӯз (29.10.2020) дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як гуруҳ ҷавонони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ ба вилояти Суғд сафарбар намуданд.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода зимни гесели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ унвон карда зикр намуд, ки нангу номус ва орияти ватандорӣ, ки яке аз омилҳои асосии бақои давлат аст, дар ботини ҷавонон, ки имрӯзҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми давлат адои хизмат карда истодаанд, ҷой гирифтааст.
-Мо низ ифтихор аз он мекунем, ки сол аз сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ дар байни ҷавонони ноҳия зиёд шуда истодааст. Боварӣ дорам дар даъвати тирамоҳӣ низ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ба иҷро расонидани нақшаи даъват яке аз аввалинҳо хоҳад буд,-зикр намуд Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Раиси ноҳия ҳамчунин аз падару модароне, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба таври ихтиёрӣ аз аввалинҳо шуда ба хизмати ҳарбӣ фиристонидаанд, изҳори миннатдорӣ карда, амали онҳоро шоистаи таҳсин ва намуна барои дигарон хонд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ноҳияҳоест, ки ҳама сола аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро ба иҷро мерасонад.
Мувофиќи маълумотҳои оморӣ аҳолии ин ноҳия айни замон 24894 нафар буда, аз ин миқдор 12502 нафарашро мардон ва 12392 нафарашро занон дарбар мегиранд. Шумораи ҷавонон дар ин ноҳия 10462 нафарро ташкил дода, аз ин теъдод 5293 нафарашро писарон ташкил медиҳанд.

Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here