КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: ВАКИЛОНИ ХАЛҚ МАСЪАЛАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ТИББИРО БАРРАСӢ КАРДАНД

0
73

Имрӯз (19.10.2020 сол) дар Иҷлосияи 3-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар солҳои 2010-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъзе аз паҳлуҳои норасоии кадрҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва мушкилоти соҳаи тандурустии ин ноҳия аз ҷониби вакилони халқ таҳлил ва муҳокима карда шуданд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова аз рӯи масъалаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар зарфи даҳ соли ахир маъруза намуда, зикр кард, ки масъалаи норасоии кадрҳои тиббӣ дар ноҳия боиси нигаронӣ мебошад. Ба иттилои ӯ айни замон шумораи умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ноҳия 110 нафарро ташкил медиҳад, ки 30 нафари он дорои маълумоти олии тиббӣ буда, 80 нафари дигар дорои маълумоти миёнаи тиббӣ мебошанд. Гулҷаҳон Вазирова зимни таҳлили соҳа бо таассуф иброз намуд, ки ба ҳар 10 ҳазор аҳолии ноҳия 13 нафар табиби дорои маълумоти олӣ, ё худ 11,5% ва 35 нафар духтури дорои маълумоти миёнаи тиббӣ, ё 40 % аз шумораи умумии табибон рост меояд. Ба гуфтаи муовини раиси ноҳия кормандони тибби дорои маълумоти олӣ дар давоми даҳ соли охир, яъне нисбати соли 2010 се баробар ва кормандони миёнаи тиббӣ наздик ба 2,5 баробар афзудааст, ки ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
Муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова дар Иҷлосия гуфт, ки бо вуҷуди афзудани шумораи кормандони соҳаи тиб “ҳанӯз ҳам дар беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия мутахассисон намерасанд.”
Ба иттилои ӯ дар соҳаи тандурустии ноҳия ба мутахассисони наркологӣ, рӯҳшинос, дилшинос, саратоншинос, пизишки чашм, эндокринолог, табиби бемориҳои пӯст, табибони оилавӣ, техникҳои тиббӣ, мутахассиси соҳаи экспертизаи судӣ, ташхиси шуоӣ ва ренгенологҳою паталоганатомҳо эҳтиёҷ дорад.
Гулҷаҳон Вазирова гуфт солҳои охир дохилшавӣ ба колеҷу донишгоҳҳои тиббӣ аз ҷониби писарон ва ҷавондухтарони ноҳия тамоюли зиёдшавӣ дошта, умед аст дар давоми як панҷсолаи охир норасоии кадрҳои тиббӣ бартараф шавад.
Пас аз маъруза Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода норасоии кадрҳои тиббиро ташвишовар хонда, масъулини соҳаро дастур дод, ки бо роҳи ҳавасмандкунӣ ҷавонони ноҳияро, ки донишгоҳҳои тибби кишварро хатм кардаанд, ба ноҳия ҷалб намуда, бо ҷои кори мувофиқ таъмин намоянд.
“Мо мушоҳида мекунем, ки бисёре аз ҷавононе, ки колеҷу донишгоҳҳои тиббии кишварро хатм кардаанд, ба ноҳия барои кор баргаштан намехоҳанд. Онҳо мегӯянд, ки шароит нест, ҳол он ки дар давоми як панҷ солаи охир симои ноҳия куллан тағйир ёфта, бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия беморхонаи нав бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, инчунин дар деҳоти дурдаст марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ёфта истодаанд. Акнун бояд мутахассисонро бо тариқи ҳавасмандкунӣ ба ноҳия ҷалб намуда, мушкилоти норасоии кадрҳоро ҳал намоем”,-иброз намуд раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Дар Иҷлосия ҳамчунин аз ҷониби вакилони халқ масъалаҳои ворид намудани таѓйирот ба буҷети ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои соли 2020, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба нақша-чорабинӣ оид ба ҷараёни иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 баҳри дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол ва таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ дар ноҳия ва тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи Раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Фитрат Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here