КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД

0
166

Имрӯз (19.10.2020 сол) дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2020 доир гардид, ки дар он раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи ҳукумати вилояти Суғд, сардори Раёсати кишоварзии вилоят Бобозода Хайрулло, мудирони шуъбаҳо ва сардорони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба дастовардҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳисобот дода, афзуд, ки натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони пандемия ва авҷи коронавирус, ки таъсири манфии худро ба басёре аз соҳаҳо расонидааст, назаррас буда, сокинони шарафманди ноҳия ба бисёр дастовардҳои муҳими иҷтимоӣ ноил гардидаанд.
Таъкид карда шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 108 банд таҳия карда шуда, то ба имрӯз 64 адади он ба истифода дода шудаанд, ки 59,2 фисади иҷроиши нақшаро дарбар мегирад. Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин самт мувофиқи нақша дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои болоӣ ва шарикони рушд идома доранд.
Зикр гардид, ки баҳри риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ” кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова дар давоми нуҳ моҳи соли 2020, 762 муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 657 муроҷиати хаттӣ ва 105 муроҷиати шифоҳӣ мебошад.
“Асосан муроҷиати шаҳрвандони ноҳия дар бораи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ба ноҳияҳои Зафаробод, шаҳраки Сайҳуни вилояти Суғд ва ноҳияҳои Хуросон ва Данғараи вилояти Хатлон мебошанд.”,-изҳор дошт Гулҷаҳон Вазирова, муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шаҳрвандони ноҳия 230 муроҷиат оид ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ ворид гардидааст, ки аз инҳо 60 нафар аз шаҳраки Сайҳун, 65 нафар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, 40 нафар ноҳияи Данғара, 3 нафар аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ муроҷиат кардаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ руйхати 30 оилаҳое, ки дар минтақаҳои хавфнок истиқомат мекунанд, ба ноҳия Зафаробод пешниҳод карда шуданд. Инчунин ба 100 оилаи эҳтиёҷманд дар ноҳияи Зафаробод қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова вобаста ба иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ зикр намуд, ки қисми даромади беҷет дар нуҳ моҳи соли 2020 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 2 млн. 728,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он то 01.10.2020, 2 млн. 863,2 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 134,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 104,9 фоизро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қисми даромади буҷети давлатӣ 321,1 ҳазор сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст, ки 5,3 фоизи афзоиши қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил медиҳад.
Дар ин давра воридоти андозҳо дар маҷмуъ тибқи нақша 6 млн. 415,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки иҷроиши он 6 млн. 344,9 ҳазор сомонӣ ё 98,9 фоиз таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботи дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 799,0 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,15 сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр карда шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 3 млн. 018,0 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324,8 ҳазор сомонӣ зиёд, ё 112,1 фисадро ташкил намудааст. Дар ноҳия 2 корхонаи калони саноатӣ фаъолияти менамояд. ҶДММ “Қудрат 2010” самти истеҳсолиаш истихроҷи ангиштсанг мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхона 8840 тонна ангиштсанг истихроҷ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гушта 3985 тонна ё 1,8 баробар зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар ин давра 919,0 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45,1 ҳазор сомонӣ ё 5,2 фисад зиёд мебошад. Фаъолияти ҶДММ “Оби Ғулуч” мавсими буда, ҳамасола дар семоҳаи дуюми соли равон ба кор оғоз менамояд.
Дар ноҳия доир ба таъсиси коргоҳҳои нави саноатии хурд кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 2 адад, коргоҳи коркарди чубу тахта дар деҳаи Лангар ва коргоҳи пахтатозакунӣ дар деҳаи Истошони ҷамоати деҳоти Лангар аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо таъсиси 5 ҷойи кории доимӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар нуҳ моҳи соли 2020, 222 млн. 932,8 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки аз он 177 млн. 570,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ, 45 млн. 362,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ тааллуқ дорад. Баҳри таъмини самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ дар ноҳия чораҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.
Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ноҳияи аграрӣ буда, шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда 122 ҳзр. 472 сар, ҳайвони калони шохдор 16 ҳзр. 209 сар расонида шудааст. Наслгирӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби моли майда 96 сарро ташкил медиҳад. Дар нуҳ моҳи соли 2020 10 ҳзр. 12,3 тонна гушт, 6350 тонна шир истеҳсол карда шудааст. Дар ноҳия ҳамасола бо дастгирии соҳибкорон ва аҳоли ҷихати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди чорводорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Вобаста ба пешгирии бемории коронавирус муовини раиси ноҳия зикр намуд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии COVID-19 ба соҳаи тандурустии ноҳия 91 ҳзр. 650 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо карда шудааст.
“Барои пешгирии бемории сироятии коронавирус аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 126 ҷуфт либоси муҳофизатӣ, 710 кг хокаи хлор, 1900 адад ниқоб, 300 метр матоъ барои тайёр намудани ниқоб ба маблағи 53 000 сомонӣ маводи доруворӣ, 980 адад шишаи спирт, 230 шишаи антисептикӣ, 15 қуттӣ собуни моеъ, 22 баста дастпокунакҳои тар, 1750 ҷуфт дастпушаки яккарата, 440 литр гипохлориди натрий ба ноҳия ворид карда шудааст.
Аз ҳисоби кумакҳои Пешвои муаззами миллат 30 литр маҳлули спирт, 23 намуд доруворӣ ба маблағи 15 ҳзр. 382 сомонӣ алайҳи бемории мазкур, хурокворӣ аз қабили сабзӣ, картошка, пиёз, биринҷ, макарон, равған, гречка ба миқдори 24 тонна ва барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморхонаҳо ворид карда шуд.
Инчунин аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят 20 литр маҳлули спирт, 23 адад термосканери фосилавӣ, 203 ҷуфт либосҳои муҳофизатӣ, 5200 адад ниқоб, 485 адад айнаки муҳофизатӣ, 100 адад дастпушаки яккарата, 50 баста доруворӣ бо маблағи 71 ҳзр. 988 сомонӣ ворид карда шудааст.
Аз тарафи ташкилоти байналмилалии Ҳилоли Аҳмар 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 700 ҷуфт либоси муҳофизатӣ, 900 адад ниқоб ба маблағи 374 ҳзр. 499 сомонӣ дастрас карда шудааст.
Аз тарафи Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд 1000 литр гипохлориди натрий ба маблағи 18 000 сомонӣ ворид карда шудааст.”,-иброз намуд Гулҷаҳон Вазирова.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади андешидани чораҳои пешгирии сироятёбии коронавирус аз ҷониби маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ба муассисаҳои таълимии ноҳия маводҳои безараркунанда аз қабили хлориди натрий ба миқдори 20 литрӣ ба ҳар як муассиса тақсим ва дастрас карда шудааст. Ҳамчунин аз тарафи маркази мазкур 105 маротиба дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ бурда шудааст. Ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия ситодҳои дохилиидоравии худро таъсис додаанд.
Дар ноҳия чор шуъба барои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус ташкил карда шуда, табибони ин шуъбаҳо бо сарулибоси махсуси муҳофизатӣ таъмин карда шудаанд. Дар ин давра 37 нафар беморон, аз ҷумла бо ташхиси бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 21 нафар, бо илтиҳоби шадиди шуш 16 нафар бистарӣ карда шуда, ҳама табобат ёфтанд.
Ба иттилои муовини раиси ноҳия фавт аз ҳисоби бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Сипас Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои корӣ ва мулоқотҳояшон бо фаъолони мамлакат баён мегарданд, сармашқи корӣ худ намуда, барои иҷроиши саривақтии онҳо минбаъд низ кўшиш менамояд.

Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here