КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД

0
124

Имрӯз 08.07.2020 сол дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.
Дар ин маҷлис Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, муовини директор Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Муассисаи хоҷагии ҷангали вилоят Юлдошзода Олимбек, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кҳистони Мастчоҳ дар 6 моҳи соли равон ҳисобот дода зикр намуд, ки бо вуҷуди дар кишвар паҳнгаштани пандемияи нав COVID-19 ва муваққатан қатъ гардидани бахши соҳибкории хурду миёна, ноҳия нимсолаи аввали соли равонро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуд.
Таъкид карда шуд, ки барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастур ва ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 6-моҳаи аввали соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро дар ҳамаи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба роҳ монда омада истодааст, ки нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда хуб арзёбӣ шуда истодаанд.
Муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова таъкид дошт, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 аз 198 лоиҳа иборат буда, маблағи он 164155,4 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағҳои лоиҳаҳои амалигардида дар дар ин давра 94237,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 33802,1 ҳазор сомонӣ ё 35,8%, аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд 31866,8 ҳазор сомонӣ ё 33,8%, аз ҳисоби буҷети ноҳия 2052 ҳазор сомонӣ ё 2,1%, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 13353 ҳазор сомонӣ ё 14,1 % ва 13263,5 ҳазор сомонӣ ё 14% бо дастгирии шарикони рушд амалӣ гардидаанд.
Зикр гардид, ки аз соли 2016 то нимсолаи аввали соли 2020 дар ҳамкорӣ ва дастгирии сарчашмаҳои маблағгузорӣ 75 лоиҳа тибқи Барнома амалӣ гардид, ки дар пешравии рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия заминаи созанда ва мусоидро фароҳам овардааст. Айни ҳол дар 51 лоиҳа тибқи Барнома корҳо идома доранд.
Зикр карда шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 2003160 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он то 01.07.2020, 2065481 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 62321 сомонӣ зиёд буда, 103,0 фоизро ташкил медиҳад.
Ба қисми даромади буҷети давлатӣ 340836 сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст, ки 19,7 фоизи афзоиши қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил додааст. Корбарӣ дар ин самт бо сохторҳои марбута дуруст ба роҳ монда шуда, таъминоти он зери назорати доимӣ қарор дорад. Натиҷаҳо дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хело хуб мебошанд.
Муовини раиси ноҳия зикр намуд, ки дар ноҳия 76 нафар соҳибкор, аз инҳо 55 нафар бо патент ва 21 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд, ки дар қайди равзанаи ягона мебошанд. Аз ин шумора 8 нафарашро занон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 адад зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаи соҳибкорӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ барои ташкили як адад гармхона дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Мусоидат дар вусъати имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои занон ва ҷавонон дар водии Зарафшон” 68830 сомонӣ, барои ташкили маркази компютерӣ дар маркази ноҳия 14020 сомонӣ ҷудо гардид, барои таъмини 3 нафар бонувони бекор ба ҷои кори доимӣ мусоидат намуд.
Инчунин дар ноҳия баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ бо дастгирии шарикони рушд бунёди 4 адад гармхона ба нақша гирифта шудааст, ки айни ҳол барои муайян намудани сохтмончии онҳо тендер эълон гардидааст ва дар рўзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгириии коронавирус, захираи кофии маводи озуқаворӣ, омодагии хоҷагиҳои халқ ба давраи тирамоҳу зимистон ва бе талаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили кишт ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо супориш дод, ки корбарӣ дар байни аҳолӣ аз ҷониби шахсони мутасаддӣ пурзӯр карда шавад. Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба омодагиҳо ба соли нави хониш ва давраи зимистонгузаронӣ таъкид намуд, ки ба таъмири муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин омодагиҳо ба соли нави хониш чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки таҳияи дурнамои кишти картошка аз ҳоло барои соли оянда омода карда шавад.
Ҷамъоварии ҳосили картошка, риояи қоидаҳои бехатари гигиенаи шахсӣ, дар сатҳи омодабош қарор доштани муассисаҳои тиббӣ баҳри пешгирии коронавирус, таъмин ва захираи доруворӣ ва дигар дастурҳои муҳим ба шахсони мутасаддӣ дода шуд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар маҷмуъ ба кормандони соҳаи тиб барои корбарӣ ва пешгирӣ аз бемории нави COVID-19 инчунин ба табобат фаро гирифтани беморон дар шашмоҳаи аввали соли 2020 изҳори сипос ва қаноъатмандӣ намуд.

Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here