КУМАКҲОИ МОДДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТАБИБОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
91

      Субҳи имрўз (17.05.2020) корвони мошинҳои пурбори «Туҳфаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар» аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ворид гардиданд.
       Гуфта мешавад, ин кумакҳо бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ноҳия, нафароне, ки ба бемории нави короновирус (СOVID-19) гирифтор шудаанд ва аҳолии ниёзманд равона гардидаанд.
Дар ин корвони мошинҳои пурбор ба ноҳия маводи озуқаворӣ аз ҷумла 7 тонна орд, 3 тонна бринҷ, 1 тонна равған, 7 тонна сабзӣ,1 тонна гречка, 1 тонна макарон, 500 кг шакар, 1 тонна приловка, 4 тонна картошка, инчунин ба миқдори зиёд доруворӣ, маводҳои безарагардонӣ, либосҳои махсус барои табибон ва дигар лавозимоти тиббӣ иборат буданд.
Абдуамон Идиев менеҷери Кумакҳои аввалияи тиббию санитарии ноҳия (КАТС) дар суҳбат бо хабарнигори “kuhiston.tj” ин иқдоми наҷибонаро нишонаи ғамхорӣ ва қадрдонии Пешвои миллат ба табибон, беморон ва аҳолии ноҳия хонда, гуфт, ки дар ин шароити душвор, ки табибон шабу рӯз ба нигоҳубини беморон машғуланд, дучанд заҳмат хоҳанд кашид.
Бино ба маълумоти Абдуамон Идиев то ба имрӯз аз ҷониби ҳукумати ноҳия барои пешгирии бемории нави короновирус (СOVID-19) ба ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия беш аз 50 ҳазор сомонӣ барои харидории доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва маводҳои безараргадонӣ ҷудо карда шудааст.
“То имрўз ҳамаи маводҳои зарурӣ харидорӣ ва ба ноҳия ворид карда шудаанд. Дар ин замина камбудӣ вуҷуд надорад. Тибқи супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии кишвар 80 нафар кормандони тибби ноҳия дар деҳот гардиши хона ба хона анҷом дода бобати бемории нави короновирус, риояи қоидаҳои санитарию гигенаи шахсӣ ва ба таҳлука наафтодани мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд”,- гуфт дар суҳбат Абдуамон Идиев менеҷери КАТС-и ноҳия.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here