Ифтитоҳи ду китобхонаи соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолият

0
122

Дирӯз (08.09.2020 с.) дар арафаи таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 2 китобхонаи оммавӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва ашхоси фарҳангдӯст бунёд гардида буданд, бо иштироки Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Наим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад ин китобхонаҳо дар деҳаҳои Ғузн ва Ревомутки ҷамоати ба номи Иван – Тоҷики ноҳия дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи соҳибкорон сохта шудаанд.
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи китобхонаи оммавии деҳаи Ревомутк, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Ашӯров бунёд гардидааст, ин иқдомро шоистаи таҳсин хонда, зикр намуд, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани маънавиёти мардум ташкили китобхонаҳои оммавӣ дар деҳаҳои дурдаст мебошад.
“Яке аз дастуроти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки дар деҳот китобхонаҳои оммавӣ ташкил карда шаванд ва бо ин мақсад ҷалби ҷавонон ва калонсолон ба китобхонӣ бештар мегарад. Басо ифтихорманд ва шоистаи таҳсин аст, ки барои бунёди китобхонаҳои оммавӣ дар деҳоти дурдаст соҳибкорони маҳалӣ иқдом варзидаанд”,- иброз намуд зимни суханронӣ Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Раиси ноҳия ҳамчунин бобати беҳтар намудани сифати хизматрасонии китобхонаҳо дар деҳот, дастрас намудани китобҳои тозанашр ва ҷалби васеи мардум ба китобхонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Мавриди зикр аст, ки соҳибкори маҳаллӣ Ашӯров Қурбон сокини деҳаи Ревомутк буда, аз зумраи соҳибкорони муваффақи ноҳия ба ҳисоб меравад, ки барои ободонии диёр ҳамеша саҳми босазо мегузорад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи соҳибкори дигар маҳаллӣ, собиқадори соҳаи маорифу фарҳанг Маликшариф Сафаров дар деҳаи Ғузни ҷамоати Иван – Тоҷики ноҳия як китобхонаи оммавӣ низ сохта мавриди истифода қарор гирифт.
Сафаров Маликшариф зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон” гуфт, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро водор кардааст, то дар деҳааш барои бунёди китобхонаи оммавӣ ташаббус нишон диҳад.
“Дар деҳаи мо филиали №4-и Китобхона марказии ноҳия дар бинои фарсудаю хароб ҷойгир буд. Дар асоси дастуру супоришҳо ва суханони Пешвои миллат, ки ҳамеша таъкид мекунанд, ки «Ҳар кас бояд аз худ нишонаи неке боқӣ гузорад» илҳом гирифта, соли 2019 бо аҳли оилаам тасмим гирифтам, ки дар ин минтақа як китобхонаи наву барҳаво бисозам. Ин китобхонаро беш аз як сол аз ҳисоби даромади оилавии худ сохтем. Дар китобхонаи мо алъон беш аз 3 ҳазор нусха китоб нигоҳдорӣ мешавад, ки дар миёни инҳо осори адибони ниёгони мо ва ҷаҳон мавҷуд мебошанд. Тасмим дорем боз шумораи китобҳо ва адабиётҳои ҷолибу хонданиро бештар намуда, ҳамаи мардумро но вобаста аз касбу кор ба китобхонӣ ҷалб намоем”,- иброз дошт Маликшариф Сафаров.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сохтан муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла сохтани китобхона ва ҷалби мардум ба китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёти аҳолӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як китобхонаи марказӣ ва 14 филиали он дар ҷамоату деҳоти ноҳия фаъолият мебаранд, ки дар онҳо дар маҷмуъ 48500 нусха китоб аз адибони классики мо то адибони хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here