ЗАРАФШОН ДАР САРЧАШМАҲОИ АДАБИ ФОРСӢ ВА ТОҶИКӢ

0
334

Сармаст дар қабои зарафшон чу бигзарӣ,
Як бўса назри Ҳофизи пашминапўш кун.
Ҳофизи Шерозӣ
Давлати ман реги заррини Зарафшон асту бас,
Заррае гар зар биҷўям аз Зарафшон нестам.
Лоиқ Шералӣ

        Гулвожаи дилрабо ва гўшнавози Зарафшонро метавон арўси чаманистони сухан хонд. Ин вожа, хусусан, дар чашми ду гурўҳ аз одамон дурахшиш ва ҷилваи алмоспораро дорад; аввал, онҳое, ки ба калимаи зарафшон бештар таваҷҷуҳ нишон медиҳанд, ки ба маънои ҳақиқии сухан, заргар ва заркоранд ва аз ин пеша комгор ва соҳибном гаштаанд. Ҳикмати машҳури «қадри зар, заргар бидонад, қадри гавҳар, гавҳарӣ» бидуни тардид, зодаи табъи латифи онҳост.
Гурўҳи дувум он ашхосе мебошанд, ки ба заррезаи сухан сару кор доранд ва онро аз маъдани дил ва авроқи заррини китоб ё дафтари устодони сухан бо анбўри андеша берун меоваранд ва дар мағзи ҷон мешинонанд. Ба назари мо, дар ин коргоҳ бори масъулияти суханвар сангинтар аз заргар аст, зеро сухангари воқеиро маҳсули андеша ва тафаккур нисбат ба ашёе, ки тавассути даст сохта мешавад, ба маротиб арзише воло ва умре тўлонитар мебошад. Ба ҳар ҳол, ба баррасӣ ва баҳси фишурдае перомуни рўдхонаи Зарафшон ва гулвожаи зарафшон ва корбурди он дар мутун ва манобеи қадиму ҷадиди форсиву тоҷикӣ мепардозем.
Дар забони форсӣ ва сарчашмаҳои адабиву таърихӣ ба ғайр аз истилоҳҳое чун «Рўдхонаи Зарафшон», «Саргаҳи Зарафшон», «Қаторкўҳҳои Зарафшон»… вожа ва таъбирҳое амсоли зарандуд, заргар, заршўй, заркор, зарҳал, зарринча, зарҳалин, заркўб, заркокул, зарринмўй, тоҷи заррин, камрбанди заррин, ҷоми зарафшон… ба маънӣ ва тобишҳои гуногун омадааст. Ба духтарон Заррина ва Зарнигор ном мегузоранд. Дар байни вожагони номбурда, ба ақидаи мо, калимаи зарафшон дурахшиши дигаре дорад. Биёед, қабл аз ҳар сарчашмае барои баррасии «зарафшон» фоли онро аз девони малакутии Хоҷаи лисонулғайби Шероз бигирем, ки гуфтааст:

Эй нури чашми ман, сухане ҳаст гўш кун,
Чун соғарат пур аст, бинўшону нўш кун.
Сармаст дар қабои зарафшон чу бигзарӣ,
Як бўса назри Ҳофизи пашминапўш кун.
Қабои зарафшон, яъне пироҳане, ки ҳангоми хиромидани бонувон аз тору пудаш зар мерезад ва ба ҳамин хотир «зарафшон» унвон гирифтааст. Менамояд, ки дар адабиёти ҷаҳоншумули мо ҳеҷ шоире мисли Ҳофиз ин вожаро ин қадар зебо ва мумтоз ба кор набурдааст. Дар байни бузургони форсигўй дигар устодони сухан «зарафшон»-ро кам ба кор гирифтаанд.
Дар яке аз фарҳангҳои нисбатан ҷадиди чопи Теҳрон мехонем: Зарафшон: дорои резаҳои зар, кулоҳи зарафшон (Муширӣ М. Фарҳанги забони форсӣ. — Теҳрон, 1996 м., саҳ.538). Ва ҳамин фарҳанг низ мисоле аз Ҳофиз меоварад:
Эй сабо, бар соқии базми Атобак арза дор,
То аз он ҷоми зарафшон ҷуръае бахшад маро.
Ин ҷо мебинем, ки боз ҳам Ҳофизи воломақом дар ин ғазали ноб таъбири «ҷоми зарафшон»-ро бо устодии тамом қаламдод кардааст.
Ё дар девони Шамс мехонем:
Нак, чашми ман тар мезанад, нак, рўи ман зар мезанад,
То бар ақиқат бар занад, як зар зи зарафшони мо.
Аммо дар адабиёти муосири тоҷик устодони каломи бадеъ Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, хонумҳо Гулрухсору Фарзона ва дигарон аз Зарафшон бо муҳаббати фарзандӣ ёд карда, ин номро дар ашъорашон фаровон ба кор бурдаанд. Ба хотири он ки баҳс ба дарозо накашад, аз корбурди он дар осори ин азизоналҳол худдорӣ меварзем.
Аз солҳои шаст ва ҳафтоди асри гузашта ба ин тараф мо шоҳиди онем, ки дар Тоҷикистон ба духтарон Зарафшон ном мегузоранд. Пеш аз дар миёни аҳолӣ касе чунин ном надошт ва ё бошад ҳам, мо ба он барнахўрдаем, аммо дар Эрон ҳамчун исми хос фаровон ба назар мерасад.
Истилоҳи «Водии Зарафшон» дар миёни ашқори мухталифи ҷомиа собиқаи тўлонӣ надорад ва аз пиряхҳои охирини гўшаву канори Масчоҳ то ноҳия ва шаҳрҳои Фалғару Панҷаканту Самарқанд ва давру бари Бухороро ҷаҳонгардон ва сайёҳони русӣ ва аврупоӣ дар ёддоштҳо ва сафарномаҳои қарнҳои нуздаҳу бист «Водии Зарафшон» унвон кардаанд, ки бидуни тардид баргирифта, аз номи рўдхонаи азими он диёр аст.
Дарёи Зарафшон дар гузаштаи дур исми дигаре доштааст. Таърихнигори дунёи қадим Астробон дар бораи рўдхонаи «Политомент» (Зарафшон) менависад: рўдхона ин маҳал (Самарқанду Бухоро)-ро шодоб намуда, ба сарзамини регзор ва биёбон ворид мешавад ва рег онро фурў мебарад (Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби якум, саҳ.100).
Маълум мешавад, ки дар замони хеле қадим талаффузи Зарафшон бо чунин номе душвор ифода гардидааст, ки албатта, шарҳу баёни маънии он хориҷ аз ин баҳс аст. Аммо дар кадом давру замон дар асоси чунин мантиқи қавӣ онро Зарафшон номидаанд ва чанд бор ин рўдхонаи сармасту шўх ном иваз кардааст, мутаассифона, рўи мавзўи зикршуда маълумоти амиқе дар даст надорем.
Чанд сол қабл дар фаслномаи «Номаи порсӣ», ки дар Теҳрон чоп мешавад, иттилои нодире дар бораи вуҷуди як рўдхонаи дигар бо исми Зарафшон дарёфт шуд. «Номаи порсӣ» навиштааст: «Кўҳи Афросиёб ва дараи Шангон, кўҳи Устун, кўҳи Шанкор ё Шингор … аз ҷумлаи кўҳҳои он диёранд, (яъне Чин) ва… рўдхонаи номбардори Зарафшон аз миёни он сарзамин мегузарад («Номаи порсӣ», шумораи як, соли 1375 ҳ.ш. баробар бо соли 1996 м., саҳ.166).
Ин навишта аз мақолаи бонуи донишманди эронӣ хонум Нодираи Бадеӣ иқтибос шуд, ки «Омезае аз афсона ва таърих» ном дорад ва нависанда бо диққати том ва нигоҳи жарф ба баррасии масоили зиндагӣ ва расму одоби тоҷикони яке аз иёлоти худмухтори бохтари Чин дар минтақаи Синҷон пардохтааст.
Дар навиштаи муфассали ў, ки воқеан, дар бораи бори маъниаш дар заминаи мардумшиносӣ сангин аст, ба ғайр аз зикри «Рўдхонаи Зарафшон» ва вожаи «номбардор» дигар ҳеҷ маълумоте дар бораи «Зарафшон»-и кишвари Чин наёмадааст. Яъне, ин рўдхона об аз кадом сар чашма бардоштааст? Чӣ қадар тўл дорад? Ба кадомин сарзаминҳо файз мебахшад ва дар куҷо сар ба остонаи сукут мегузорад? муаллиф дар ин бора хабар надодааст. Аммо ба мо бори нахуст чунин пайки хуше расид, ки ба ғайр аз Зарафшони Осиёи Миёна боз дар як устони сирф тоҷикнишине аз гўшаҳои ҷаҳон Зарафшони дигаре ҳам вуҷуд доштааст; дар бораи он ки рўдхонаи сарзамини Чин оё дар таркиби худ заре дорад ё на, низ он ҷо ишорае нарафтааст, аммо Зарафшони Тоҷикистон маҳз ба хотири саршор ва оганда аз зару зарреза буданаш чунин унвони оламороро гирифтааст ва баҷост, ки ин ҷо нигоҳи кўтоҳе ба умқи сарнавишт ва баъзе вижагиҳои ин дарёи пурбаракат ва афсонавӣ бияндозем.
Дар фасли тобистон чун дигар фаслҳои сол оби Зарафшон ба андозае сард аст, ки имкони шиноварӣ дар он маҳол мебошад. Касе агар лаҳзае худро дар оғўши об андозад, дар ҳамон лаҳза сармое шадид ба мағз андар мағзи устухонаш коргар мешавад ва зуд даст аз шиноварӣ боз дошта, аз оби қаҳварангаш берун меояд ва мебинад, ки дар тамоми пайкараш ҳазору як зару заррезаҳо часпидаву дар ҳоли чашмак задан ҳастанд. Аммо сардии ваҳшатнок ҷисмашро ба зудӣ тарк мекунад ва гўё дар ҳар нуқтае аз сўрохиҳои пўст оташ медамад. Ин лаҳза дар вуҷуди оббоз эҳсоси гуворо ва лаззатбахше пеш меояд: бадани сифту сахт ботадриҷ табдил ба муми гарм мешавад ва нури роҳатафзои офтоби тобистон оҳиста-оҳиста донаҳои зарандуди обро мемаканд. Аз бадан регҳои нарм ва махмалини олуда ба зар кам-кам ба замин мерезанд. Пас аз фосилае хоҳиши дубора ғўта задан ва зарандуду зарфишон шудан дар дили кас ба ҷўш меояд…
Ба қавли сокинони буми Саргаҳи Зарафшон онҳое, ки дучори тарбод ё бемории устухонанд, ба шеваи дар боло ёдшуда, дар фасли тобистон агар чанд рўзе дар ин рўдхона ғусл кунанд, комилан бедарду ранҷ хоҳанд шуд. Зеро Зарафшон на танҳо зар, балки шира ва шарбати сад ранг гулу гиёҳ ва намакҳои шифобахш дар бағал дорад.
Дар зимистон миқдори об хеле кам ва ранги қаҳваи тирафоми он ба осмони лоҷувардии шабҳои тобистон табдил мешавад. Рўдхона дар ин фасл то ҳадде мусаффост, ки пулакчаҳои нақшин ва муҷаллои бадани ширмоҳиҳои онро метавон дид ва аз тамошои онҳо соатҳо лаззат бурд.
Фасли сармо Зарафшон бо тамкин ва дилработар аз баҳорон аст. Дар ин айём дар рўи амвоҷи нисбатан ором ва камҳаракати он қитъа- қитъа пораҳои ях меояд, ки дар канори ҳам ё пасу пеш дар ҳаракатанд. Онҳоро мардуми маҳал Нила меноманд (Нила: аз решаи Нил, ба маънои кабуд ё ранги обӣ, ниг. ба «Фарҳанги забони форсӣ», «Суруш», 1376, саҳ.1128). Нилаҳо аз таъсири оби зулол ва афифи рўдхона мисли фирўза ба чашм мерасанд ва тибқи ривоёти мардум ба чандин дард давоянд. Аз ҷумла, ба бемороне, табъашон боло бошад, нила мехўронанд, ҳатто баъзе ашхос дар ҳолати назъ (ҳангоми ҷон ба ҷонофарин супурдан) бо исрор хоҳиш мекунад, ки барояш аз Зарафшон нила оранд.
Зарафшон азбаски чун дили хунчакони Маҷнуни ошиқ баҳору тобистону тирамоҳ сахт ошуфта ва ноором аст, дар роҳи сафар сар ба сахраҳо мезанад, ранги он сияҳфом ва гилолуд аст, вале сокинони диёр, бавижа бузургсолон оби онро бебокона ба сар мекашанд, зеро сарфи назар аз тирарангӣ, ба пок ва беолоиш буданаш итминон доранд. Баъзеҳо ба шўхӣ мегўянд: Зарафшон ба онҳо на оби маъмулӣ, балки оби тилло мебахшад.
Кўҳистониёни некмаҳзар ба оби чашмаю дарё монанди қадамгоҳи азизу авлиё як навъ эътиқоди қудсӣ доранд. Онҳо намегузоранд, ки касе дар канори рўдхона ё андаруни он чорпоёнеро, ки истеъмоли гўшташон номашрўъ аст, шустушў диҳанд ва рехтани убола (партоб)-ро дари об гуноҳи азим мешуморанд. Аз ин лиҳоз, оби Саргаҳи Зарафшонро метавон аз поктарин обҳо дар ҷумҳурӣ ва, ҳатто, дар минтақа маҳсуб кард.
Донишмандони дохилӣ ва хориҷӣ ҳарчанд масоли мухталифи зисту зиндагии мардуми ин дара ва диёри пур аз достону қиссаву афсона ва макони анвои мухталифи меваҳои шакаринро аз ғирболи таҳқиқ гузаронида бошанд ҳам, мутаассифона, ба ин диёр — ба саманди сахтлаҷому шўхмизоҷ ва саркаш ва вижагиҳои он камтар эътибор додаанд. Ба сафарномаи Абдураҳмони Мустаҷири Самарқандӣ, ки «Рўзномаи сафари Искандаркўл» ном дорад ва дар поёни қарни нуздаҳ таълиф ёфта ва муаллифи он низомиёни подшоҳии Русияро роҳбалад будааст, бори дигар рўй меоварем: «Ҳамроҳи асокира аз он ҷо (аз Дашти Қозӣ ном маконе — М. Ш.) пиёда шуда, дар лаби дарёи Зарафшон фуромадем; дар он ҷо ҳам сангҳо лўнда мебошанд. Аз дар-ёи мазкур об хўрда, ҳама аҷоибот ва ғароиботро тамошо карда, са-ворӣ карда, дар зероби Дашти Қозӣ дохил шудем, ки бари дарё миқ-дори панҷоҳ газ мебошад» (Мустаҷир, «Рўзномаи сафари Искандар-кўл», ба кўшиши Аълохон Афсаҳзод ва Мирзо Муллоаҳмад. Душанбе, 1989, саҳ.26).
Дар ҳоле, ки ў аз хусуси масоили мухталифи водӣ иттилооти ҷомеъ ва судманд дар ихтиёри ҳамсафони худ мегузорад. Мустаҷир аз шаҳомату ғурури шеронаи ин яли домангири кўҳҳои осмонбўс ва наъраи рустамонаи ў, аз шеваи тунд-тунд ба туғён омаданҳояш, дар ҷое мисли бабр ҳалқа задан ва дар гардишгоҳи дигаре уштулумкунон сар ба сахраҳои азим кўбиданҳояш ва кафки хушунат бар лаб, решаву танаи дарахтони боазамати ҷангалӣ бар дўш бурданҳояш ва, ҳатто, аз оғозгоҳ ва анҷоми он дам намезананд.
Зарафшонро бо ин паҳноварӣ ва азамати Худодод дар дили танги ин мутарҷим нағунҷидааст.
Донишманди маъруфи Эрон, доктор Ҷаводи Ҳиравӣ бо истифода аз манобеи муътамади илмӣ, аз Рўдхонаи Зарафшон бо номи «Рўди Суғд» ёд кардааст ва аз ду бародараш: Сайҳуну Ҷайхун низ ситоиш ба амал овардааст. Ҳиравӣ вуҷуди ин рўдхонаро яке аз авомили ҳаётӣ барои равнақи кишоварзӣ ва чорвопарварӣ ва иқтисоду тиҷорат мешуморад. Ў зуҳур ва пайдории шаҳрҳои бостонии Осиёи Миёнаро аз файзу баракати ин рўдхонаи хушоб ба ҳисоб меоварад. Ҳиравӣ менависад: «Рўди дигаре, ки дар ин минтақа ҷараён дошта, рўди Суғд будааст, ки шаҳрҳои Самарқанду Бухоро низ дар канори он бино гардида ва аз вуҷуди он баҳраҳо бурдаанд ва бо эътиборӣ, ободонӣ ва хуррамии хешро мадюни ҳамин рўд ҳастанд» (Ҷовиди Ҳиравӣ. Эрон дар замони Сомониён. — Машҳад, 1371, саҳ.287).
Мо васфи зебоиҳои Суғди қадим ва Самарқанду Бухоро дар дав-рони Сомониён аз чандин манбаи дигар низ хондаем ва оқои Ҳиравӣ истисно нест, аммо наметавон аз истифодаи ин тасвири тобнок сарфи назар кард, ки муаллифи номбурда онро аз китоби «Ал-масолику вал-мамолик» иқтибос кардааст: «Гўё Самарқанд ҳамчун осмони сабзе аст, кохҳои он ситорагони дурахшони он (осмон) аст ва рўдаш ҳам монанди Каҳкашон аст барои ҷилвагарӣ ва ҳамчун хуршеде аст ба табақоти ту дар ту» (Ҷовиди Ҳиравӣ. Эрон дар замони Сомониён. — Машҳад, 1992 м., саҳ.290).
Лозим ба тазаккур аст, ки бо сабаби мавқеияти номусоиди ҷуғрофиёӣ боғбонон ва кишоварзони водии Зарафшон аз оби ҳаётбахши рўдхонаи дўстдоштаашон хеле кам нафъ мебинанд ва муҳаққиқи тоҷик М.Раҳимов дар ин бора навиштааст: «Халқи тавоно ва заҳматдўст, камари кўҳҳоро бо асбобу олоти ибтидоӣ (амсоли чоку каланду бел) шикофта, аз шохобҳои рўди Зарафшон, ки ба деҳқон нафъ намеоварад, ба замину боғашон об меоваранд» (Мардумгиёҳ, шумораи 2, 1997).
Қобили зикр аст, ки донишманди номбурда дар таҳқиқу баррасии масоили обёрӣ ва замини сахту дили нарми зироатпешагон ва домдорону боғпарварони зарафшонӣ ва бурдбориҳову мушкил-писандии онон ва сохтани корез ва кандани ҷўйҳову эҷоди дигар иншоот матолиби тоза ва пурарзише дар ихтиёри хонандагон гузоштааст.
Донишманди шаҳир, профессор Аҳрор Мухторов низ дар осори пурарзиши худ дастнорас будани Рўдхонаи Зарафшонро барои мардуми ин диёр изҳор доштаанд. Бинобар навиштаи эшон, аз камари риштакўҳҳои Зарафшон ва Туркистону Ҳисор ба Рўдхонаи Зарафшон беш аз сад шохобу шохобча ва рўдҳои Сабағ, Моғиёна ва Фон… мерезанд. «Рўдхона, — менависад устод Мухторов, аз пиряхи Зарафшон шурўъ мешавад. Аз саргаҳ то резишгоҳи Фондарё он «Масчоҳ» ном дорад» (Аҳрор Мухторов. «Кўҳистон», маҷмўаи «Асрори замони куҳан», саҳ.96).
Фармудаи донишманди гиромӣ, ки оғозгоҳи Зарафшонро «Рўдхонаи Масчоҳ» номидаанд ва осори фаровон ва пурарзиш дар масоили таъриху ҷуғрофиё ва мардумшиносии водии Зарафшон таълиф намудаанд, мутаассифона, санади қотее надорад. Аз саргаҳ то резишгоҳи Фондарё, дарёи Зарафшонро «Рўди Масчоҳ» номидан ба ҷуз ишораҳои тахминӣ дар ҳеҷ манбае зикр нашудааст. Ин истилоҳу тақсимбандӣ, аслан бофтаи тахайюли сайёҳони хориҷии зикршуда аст, на фармудаи таърих. Аз сўи дигар, устод Мухторов дар идомаи матлаб навиштаанд: «Ин дарё аз пиряхҳои          Зарафшон сар мешавад. Аз саргаҳ то резишгоҳи Фондарё — «Масчоҳ» ном дорад».
Бинобар ин иттилоъ, модоме ки рўдхона аз пиряхҳои Зарафшон шурўъ мешавад ва манбаи аслӣ Зарафшон ном дошта бошад, чаро худи рўдхона Зарафшон набошад ва дар кадом яке аз сарчашмаҳои таърихӣ гуфта шудааст, ки аз саргаҳ то резишгоҳи Фондарё онро «Масчоҳ» номидаанд ва аз Фондарё то Панҷакенту Самарқанду Бухоро Зарафшон аст? Албатта, дар ҷаҳон дарёҳои бисёр аст, ки исмашон аз макон ё гузаргоҳи аслии он гирифта шудааст; ба таври мисол Ҳарайрўд дар Ҳироти бостонӣ, Рўдхонаи Кобул дар Кобул, Рўдхонаи Вахш дар Вахшонзамин, Волга дар шаҳри Волгоград, «Москва-Река» дар Москва …. Аз ин рў, барои мардуми Масчоҳ мояи ифтихори бузурге аст, агар дар ҳақиқат, номи диёрашон ба ин рўдхонаи азими гавҳарафшон илқо шавад. Аммо чунин номгузориҳо мебояд бар мабнои асноди муътамади илмӣ ва таърихӣ устувор гардад. Ба ақидаи мо, Зарафшон аз гахвораи заррини худ, яъне аз нуқтаи оғози Масчоҳ, ки маънои ҷойгоҳи бузургро дорад, то хоки барўманди Бухоро Зарафшон буда ва Зарафшон боқӣ хоҳад монд.

Мирзо ШУКУРЗОДА,

«Ҷонпайванд»

Душанбе:

Адиб, 2006, саҳ. 151-159.

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here