ДАСТРАСИИ АҲОЛӢ БА МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

0
11

Санаи 5-уми ноябр ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оббурдони ҷамоати Иван-Тоҷик як маркази саломатӣ пас азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад ин маркази саломатӣ дар доираи раванди бунёдкориҳо бахшида ба 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо маблағгузории шарикони рушд – ташкилоти байналхалқӣ ГАВИ пурра аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода маркази саломатиро бо тантана ба истифода қарор дода, бунёду азнавсозии марказҳои тиббиро яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар дар навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ номид.
“Бо дастуру супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия як Беморхона сохта ба истифода дода шуд, ки имрӯз барои сокинон пурра хидмат намуда истодааст. Яке аз мушкилоти асосии ноҳия дар соҳаи тандурустӣ бартараф шуд. Бо азнавсозии Маркази саломатии Оббурдон мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки мушкилоти соҳаи тандурустии ноҳия зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд”,-иброз дошт зимни ифтитоҳи ин марказ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода
Маркази саломатии деҳаи Оббурдон аз 9 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои доругузаронӣ, иммунизатсия, утоқи кории роҳбар, 4 ҳуҷра барои бистарӣ намудани беморон, инчунин 1 ҳуҷра барои муоинаи занон ва ҳуҷраҳои иловагии хизматрасонӣ иборат буда, барои беш аз 3600 нафар аҳолии Ҷамоати Иван-Тоҷик хидмат мерасонад.

Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here